“Депутатҳо рост намегӯянд, вале ба интихоб наравӣ хиёнат кардаӣ” (хулосаи матбуот)

Нашрияҳои чопи Душанбе дар ҳафтаи равон бештар рӯҳияи интихоботиро ба худ касб карда буданд. Аксар матолиби асосии ҳафтаномаҳо марбут ба интихоботи парламентӣ буд.

Аз ҷумла нашрияи мустақили “Озодагон” (№8 (364), аз 25-уми феврали соли 2015) дар матлабе бо номи “Изҳороти 4 ҳизби Тоҷикистон...” ба ин хулоса расидааст, ки ҳизбҳое чун ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ, аграрӣ ва демократӣ аслан мушкилоте бо ҳукуматдорон дар мавриди таблиғи номзадҳо ва сабти номашон надоранд.  Аммо ҲНИТ ва ҲСДТ аз монеъагузориҳо сунъӣ ҳарф мезананд, бахусус ба ҲНИТ мушкилоти зиёд ва фишорҳои равонӣ оварда мешавад.

Вале дар ин баробар, нашрияи “СССР” (№9 (338), аз 26-уми феврали соли 2015) муҳимтарин иқдоми Ҳизби аграрии Тоҷикистонро барои дарёфти курсиҳо дар парламенти кишвар ҳалли масоили кишварзӣ, мушкилоти обу обёрӣ, баланд бардоштанри ҳосилнокии заминҳо, боло бурдани сатҳи тахассуси фермерҳо, муҷаҳҳизонидани соҳаи кишварзӣ бо техникаи замонавӣ медонад.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ дар суҳбат бо “Азия-плюс”  гуфтааст, ки “барномаи ин ҳизбро дар Академияи илмҳо, матбуоти давлатӣ ва баъзе мақомоти давлатӣ хуш пазируфтаанд”. Ҳамзамон бо ин Раҳматилло Зойиров иброз доштааст, ки набояд дин ба сиёсат кашида шавад.

“Пайк”-нашрияи ҳарҳафтаинаи музофотӣ (№8 (85), аз 25-уми феврали соли 2015) навиштааст, ки “дупутатҳо рост намегӯянд, вале агар ба интихобот наравӣ хиёнат кардаӣ”. 

“Минбари халқ”, нашрияи ҲХДТ  (№9 (988), аз 25-уми феврали соли 2015) сафари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба вилояти Суғдро ба чолиш кашида ва навиштааст: “қабули ташрифоти таблиғотии Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби сокинони меҳмоннавозӣ Суғд бо сардӣ анҷом ёфт. Дар гусели наҳзатии рақами яки ҷумҳурӣ ҳатто табиат ҳам сардии худро пинҳон надошт. Роҳашро баст, то ба вохӯриҳояш ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дер кунад. зеро табиат ҳам фиреби мардуми оддиро намеписандад”.

 

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

Вале Минбари халк наход фаромуш карда бошад, ки раиси бечораи ХХДТ чунон бекудрату нотавон шудааст ки даст ба домони хатибони масчид бурдааст. Як тадкикот гузаронда бинед чи????
ХАМА ЧО ДУКОНИ РАНГ АСТ, ХАМА НАНГ МЕФУРУШАНД ДИЛИ МАН БА ШИША СУЗАД, ХАМА САНГ МЕФУРУШАНД.... . .. ИНШОАЛЛОХ ХАК БАР БОТИЛ ПИРУЗШАВАНДА АСТ... ВАЛЕ ИН РОХ КУШИШУ ЧАДАЛУ САБР МЕХОХАД

Шояд шумо суол ё назаре доред?