Деҳа ба номи Президент беҳтарин эътироф шуд

Акс аз Ховар

Деҳаи Раҳмонобод дар ноҳияи Шуғнон ҳамчун беҳтарин деҳа шинохта шуда, ба озмуни вилоятӣ пешбарӣ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар байни 13 деҳоти ноҳияи Шуғнон деҳаи Раҳмонобод мақоми аввал гирифт ва ҳуқуқи ширкат дар озмуни вилоятиро пайдо кард.

Аъзои коммисияи ин озмун гуфтаанд, деҳаи Раҳмонобод агарчӣ яке аз деҳаҳои навбунёди вилоят ба шумор равад, аммо инфрасохтори он  комилан ҷавобгӯ ба талаботи низомномаи озмун мебошад. Биноҳои истиқоматӣ дар асоси меъёрҳои миллии меъморӣ бунёд шуда, гирду атрофи он гулу буттаҳо, дарахтони сояафкану мевадор шинонда шудааст. Қад -қади роҳи мошингузару пиёдагард низ сабзу хуррам гардонида шудаааст.

Деҳаи Раҳмонобод моҳи июли соли гузашта дар пайи офати табиӣ бунёд шуда буд.  ин нахустин деҳа дар Тоҷикистон мебошад, ки ба хотири Президент Эмомалӣ Раҳмон Раҳмонобод номгузорӣ гардид.

Моҳи марти соли равон Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии Парлумон низ Раҳмонобод номгузорӣ шудани ин деҳаро тасдиқ карда буд.

Қаблан Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати вилоят ба TojNews гуфта буд, бо талаби сокинони деҳаи навбунёд деҳа Раҳмонобод номгузорӣ шудааст. “Мардум бо ариза ба унвонии Маҷлиси миллӣ ва ҳукумати вилоят ин номро пешниҳод карданд, ки расман аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор тасдиқ шудааст”, - мегӯяд Асламшоева.

Деҳаи мазкур аз ҳисоби заминҳои фонди заминҳои ноҳияи Шуғнон барои сокинони деҳаи Барсем бунёд шудааст, ки аз обхезии 16-уми июли соли гузашта зарар дидаанд. Ҳоло дар ин деҳа 84 оила ба сар мебаранд ва аллакай бунгоҳи тиббӣ ва мағоза аз ҷониби Иттифоқи "Тоҷикматлубот" низ бунёд шудааст.

 

Назарҳо

дар точикистон мансабдорон ба чузъ хушоматгуйи дигар хунару дониш надоранд

Шояд шумо суол ё назаре доред?