Даъвати Мубин Эргашев барои дастгирии тими “Истиқлол”

Мубин Эргашев

Сармураббии тими “Истиқлол” аз тамоми мухлисони тоҷик даъват кардааст, ки шогирдонашро дар сабқат бо тими“Нафит ал-Васат”-и Ироқ дастгирӣ намоянд.

Мубин Эргашев, сармураббии тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар нишасти матбуоти пеш аз бозӣ гуфт, “ба назарам ҳамагон футболро пазмон шудем.”

-Баъди он як силсила нобарориҳо, ки клуби мо ва ҳам тими миллиро таъқиб мекунанд ман гумон мекунам хеле мароқовар хоҳад буд, ки бозии фардоро тамошо кунем. Аз фурсат истифода бурда аз ҳамаи мухлисон хоҳиш мекардам, ки пагоҳ ба варзишгоҳ оянд ва дар ин бозӣ клуби моро дастгирӣ кунанд.

Ба гуфтаи Эргашев, “дастаи рақиб хеле ҷиддӣ буда, барои рақобат футболбозони тими “Истиқлол” омода шудааст. Аммо мутаассифона аз ҳисоби доштани кортҳои зард  2 бозингари калидии “Истиқлол” наметавонанд дар ин бозӣ иштирок намоянд.”

Бозии футбол миёни тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ шоми 12-уми апрел соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мегардад. Сабқати мазкур дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 баргузор мегардад. Қаблан 15-уми март дастаи “Истиқлол” аз тими “Нафит Ал-Васат” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?