Дастури Қоҳир Расулзода барои обёрикунии 3 ҳазор гектар замини Данғара

Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз шоҳканали асосии таъминкунандаи ноҳия бо об ва рафти татбиқи лоиҳаи обёрии заминҳо дар марҳилаҳои якум ва дуюм дидан карданд.
Хотиррасон  бояд кард, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар се марҳила обёрии наздик ба се ҳазор гектар заминҳо  пешбинӣ шудааст. 
 
Марҳилаҳои лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ татбиқ гардида, корҳои тарҳрезӣ ва татбиқу иҷроиши марҳилаи сеюми лоиҳа аллакай оғоз гардидааст. Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки дар доираи он обёрии 1750 гектар замин пешбинӣ гардидааст моҳи марти соли равон ба анҷом расонида шуд. Анҷоми марҳилаи сеюми лоиҳа тибқи нақша дар моҳи декабри соли 2019 дар назар дошта шудааст. Марҳилаи сеюми «Обёрии заминҳои водии Данғара» низ обёрии 1750 гектар заминро фаро хоҳад гирифт.
 
Зимни шиносоӣ бо ҳолати татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюм Қоҳир Расулзода масъулони соҳаро барои иҷрои босифати корҳои тозанамоӣ ва бетонпўшсозии қисматҳои алоҳидаи канали асосӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои барои иҷрои лоиҳа пешбинӣ шуда, корҳои истифодаву нигоҳдории иншооти асосии обрасонӣ ва тақвияти назорати татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории мамлакат вазифадор кард.

Назарҳо

ba gayr az Dangara digar nohiya nest magar? masalan nohiyahoi durdasti viloyati sugdro dar media dida nametavonem, on jo ham yak qismi azizi Tojikiston ast...

Шояд шумо суол ё назаре доред?