Дастоварди олимон: Ҳар метри парвози ҳавопаймоҳоро зери назорат мегиранд

Олимон мегӯянд, ки минбаъд имкон пайдо хоҳад шуд, ки парвози ҳавопаймоҳоро ҳамеша пайгирӣ кард ва бо онҳо доимо дар иртибоӣ буд.

Суқути асроромези ҳавопаймоҳои мулкӣ дар сар то сари олам, ки муҷиби ҳалокати садҳо нафар зарфи чанд моҳи охир шуд. Рӯйдодҳои охир баёнгари онанд, ки илми муосир ва техникаи ҷадид муваффақ ба кашфи саривақти иллатҳои суқути ҳавопаймо ва макони дақиқи он нест. Чунончӣ, 30-уми январи соли 1979 ҳавопаймои боркаши Boeing 707-323C, мансуб ба ширкати ҳавонавардии Varig буда, аз Токио парвоз карда буд, дар фазои уқёнуси Ором нопадид шуд. Бо гузашти 36 сол ин ғайбзанӣ муаммобарангез боқӣ мондааст.

Ва тозатарин рӯйдод бар асари гум шудани иртибот ғайб задан ва суқут кардани тайёраи Малайзиёии  Boeing 777-200ER, ки мансуб ба ширкати  Malaysia Airlines ба шумор меравад. Ин рӯйдод 8-уми марти соли 2014 рух дод. То ба имрӯз иллати қатъи иртибот бо ҳавопаймо ва сабабҳои суқути он ва ҷойи сарнагун шуданаш маълум нест. 

Ин гуна мисолҳо дар таърихи авиатсия хеле зиёданд, аммо акнун олимон мегӯянд риштаҳои ҳалли ин муамморо дар даст доранд. Кифоя аст чанд маҳвора дар кайҳон насб гардад, ки самти ҳаракати тайёраҳо ва иртибот бо онҳо пайгирӣ шавад.

 Бино ба навиштаи «Газета.Ru» аввалин пешниҳод аз ҷониби амрикоиҳо сурат гирифт, аммо ҳукумати ин кишвар барномаи пешниҳодиро сармоягузорӣ накард. 

Баъдан ташаббуси онҳоро намояндагони Ожонсии Аврупоии кайҳонӣ (ESA), ки ҳамкоронашон чанде пештар дар ситораи думдори Чурюмова-Герасименко ковишгари “Фили”-ро нишонда буданд, ба даст гирифтанд. 

Камбуди аслии радарҳои заминӣ он аст, ки вақте ҳавопаймоҳо аз болои обҳои уқёнусҳо ва ё қаламрави дуртар аз радарҳо мегузаранд, сигнал то замоне гум мешавад, ки тайёра дубора ба минтақаи фарогири ин таҷҳизот ворид мегардад. Ҳоло аллакай фиристандаҳое сохта шудаанд, ки метавон онҳоро ба тайёраҳо насб кард ва онҳо қобилият доранд аз тариқи маҳвораҳо сигналҳоро ба маҳвораҳо ирсол кунанд. Аллакай ин таҷҳизотро баъзе ширкатҳои хусусӣ таҷриба ҳам кардаанд. 

 ИМА эълон кард, ки ҳавопаймоҳои худро то соли 2025 бо таҷҳизоти системаи  NextGen (Next Generation Air Transportation System) таъмин менамояд. Ин система имкон медиҳад на танҳо парвозҳоро аз маҳвораҳо назорат кунад, балки қаламрави парвози онҳоро ҳар дақиқа мавриди биниш қарор диҳад. 

 ESA дар пажуҳиши худ фаротар рафт. Олимони ин созмон маҳвораи  Proba-V, ки барои назорат бар рушди  пӯшиши гиёҳии замин партов шудааст, истифода карданд. Зарфи ду соли охир аз тариқи ин маҳвора ҳаддақал 25 миллион сигнал аз ҷойи будубоши 15 ҳазор тайёраи дар ҳоли парвоз дарёфт кардаанд. 

Намояндаи маркази олмонии кайҳонӣ Тони Деловский гуфтааст, ки маҳвораҳое, ки қаблан на ба ҳадафи назорат ва ё қабули сигнал аз тайёраҳо, балки бо ҳадафҳои дигар ба фазо партов шуда буданд, ин вазифаро хеле ба хубӣ тавонистанд иҷро кунанд. Пас метавон ҳадс зад, ки сохтани маҳвораҳои махсуси таъқиби парвози ҳавопаймоҳо кори 5-6 соли оянда аст.  

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?