Дастоварди нодири олимони нуҷумшиноси аврупоӣ дар таърихи башар

Олимони нуҷумшиноси аврупоӣ ба дастоварде ноил гардидаанд, ки дар таърихи башар бори аввал сурат гирифта, умед доранд, ки дари таҳқиқотҳои навро дар бораи низоми офтобӣ боз намояд.

Тибқи хабарҳо ковишгари Philae, ки аз дастгоҳи кайҳонии Rosetta фуруд оварда шуда буд, муваффақона ба болои ситораи думдори 67P/ Чурюмова-Герасименко нишаст.

Ин ҷурми осмонӣ ба ақидаи олимон дар замони нахустин таркиш аз офтоб ҷудо гардида, дар масофаи 500 миллион километр аз замин қарор дорад. Он соли 1969 аз ҷониби олимони Шӯравӣ  Светлана Герасименко ва Клим Чурюмов кашф шудаааст.

Нишасти сабуки ковишгари сунъӣ ба ситораи думдор дар таърихи башар аввалин бор муяссар гардид.

Аз ин пештар пажуҳишгарон талош мекарданд чошние аз ин гуна ситораҳо бигиранд, вале он ки барои таҳқиқоти доманадор иқдоме сурат гирад, ҳамеша талошҳоро ба нокомӣ анҷом медод. 

Ин ҳодиса аз ҷониби олимони Ожонсии кайҳонии Аврупо (ЕКА) ва олимони астроном хуш истиқбол гардид.

Гуфта мешавад, ки  Philae наметавонад ба таври мустақим ба Замин иртибот барқарор кунад ва хабар ирсол намояд.

Маълумот аз ковишгар ба дастгоҳи Rosetta мерасад ва аз он ба ЕКА ирсол мегардад. Масофа миёни ковишгар ва ситораи думдор аз замони ирсол аз Rosetta 22,5 километр буд ва онро дастгоҳ дар 7 соат тай кард. Аз ковишгар ба Rosetta ва аз он ба Замин маълумоти ирсолшуда дар 28 дақиқаву 20 сония мерасад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ковишгар аввалин аксҳоро аз сатҳи ситораи думдор ба Замин ирсол кардааст.

Масъулини ин амалиёти нодир гуфтаанд, “таҳлили маълумоти телеметрӣ аз ковишгар баёнгари он нукта аст, ки ҳанӯз найзаҳо вориди кор нашудаанд, ин дар ҳолест, ки тасаввури аввал ба гунаи дигар буд”.

Аз сӯи дигар олимон бар ин назаранд, ки ковишгар дар сатҳи болоӣ ҷой гирифтааст ва корандозии найзаҳо фаъолияти баъдӣ аст. "Ба назар мерасад Philae бо назардошти амортизатсияи чархҳо хеле мулоим болои ситораи думдор нишастааст”,- гуфтаанд дар маркази идорӣ. 

Аз ин пештар мутахассисон ЕКА гумон мекарданд ковишгар ҳангоми нишастан ба ситора ба мушкил рӯ ба рӯ мегардад. Вале ғайричашмдошт он хеле ба осонӣ ва бидуни мушкил нишаст. 

Олимон дар нишасти матбуотӣ гуфтаанд, ки ковишгар баъди муддате дубора боло шуд ва боз нишаст. Яъне, дар як муддати кутоҳ вай ду маротиба нишасту бархост.

Дастгоҳи Rosetta 10 сол пеш ба фазо партов шуда буд ва моҳи августи соли равон ба ҳадафи худ ноил гардид. Тӯли ин солҳо Rosetta  6 400 000 000 километр роҳро дар масири басо мураккаб тай кардааст.

Ин масофа панҷ баробар бештар аз масофаи миёни Замин ва Офтоб аст. Дар тӯли ин 10 сол дастгоҳ чандин маротиба самти ҳаракаташро тағйир дод, то ин ки ба ҳадаф расад. Як маротиба ба Марс ва се маротибаи дигар ба Замин наздик шуд.

Rosetta ҳамчунин камарбанди астроидҳоро гузашта, ҳамзамон ду астроид, 2867 Штейнс ва 21 Лютесияро таҳқиқ кард. Ва инро муваффақтарин ковишгари таҳқиқотии илмӣ дар асри муосир унвон кардаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?