Дархости волидони сарбозон аз Вазорати мудофиа

Давоми як моҳи маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 91%-и нақшаи даъват иҷро шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, аз иҷрои нақшаи даъват гузориш дод.

Ҳамин тавр то ҳол нақшаи даъватро ВМКБ 100%, Суғд 94%, Хатлон 96% ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе 81% иҷро кардаанд.

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадаилев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон давоми як моҳи даъват даъватшавандагон ва волидони онҳо ба Вазорат асосан бобати дар наздикии хонаҳояшон гузоштани хизмати ҳарбӣ ва мавқуф гузоштани хизмати ҳарбӣ бо сабабҳои оилавӣ дархост ирсол кардаанд.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом мекунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?