Даргузашти наҳзатии 74-сола дар зиндон

Пирамарди 74 сола, Қурбон Маннонов, раиси бахши ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ дар шаҳи Норак, дар зиндон аз олам даргузаштааст.

Дар ин бора хешовандони марҳум ба расонаҳо иттилоъ доданд.

Қурбон Маннонов низ аз ҷумла маҳкумшудагони узви ин ҳизби мамнуъшуда аст, ки адои ҳукми маҳрумият аз озодӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон аз марги наҳзатии 74-сола изҳори беиттилоъӣ карданд.  

Назарҳо

Инно лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиун. Худо раҳматаш кунад бечора мазлумона даргузашт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?