Даргузашти муҳаррири нашрияи “Бизнес ва политика”

Шаби гузашта журналист ва муҳаррири нашрияи русзабони “Бизнес ва политика” Галина Дзутсева аз олам даргузашт.

Дар ин бора ҳамкорони марҳум аз нашрия иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи онҳо, журналисти шинохта баъди ширкат дар ду нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа, шабона дар хонааш, сари мизи корӣ аз сактаи қалб дар синни 72-солагӣ олами фониро падруд гуфт.

Галина Дзутсева аз куҳансолтарин журналистони русзабони Тоҷикистон буда, дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла “Вечерний Душанбе”, “Трибун.тҷ”, “Вечерка” ва ғайраҳо кор кардааст. Чанд соли пеш Галина Дзутсева ҳамкори хадамоти мониторинги Ожонсии TojNews низ буд.

Кормандони хабаргузории TojNews ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” нисбат ба даргузашти Галина Дзутсева изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованди пок барояшон Фирдавси барин талаб доранд ва ба пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?