Даргириҳо миёни ҷонибдорони Раббонӣ ва Дустум дар Шимоли Афғонистон

Бар асари даргирӣ миёни ҳизби Ҷамъияти Исломӣ  ва Ҷунбиши Миллии Афғонистон 11 нафар аз ду ҷониб ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора хабаргузориҳо истинодан ба манбаҳои худ дар вилояти Форёб, воқеъ дар шимоли Афғонистон хабар доданд.

Tasnimnews навиштааст, ки  сарбозони вобаста ба Ҷамъияти Исломӣ ба раҳбарии Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷа ва Ҷунбиши Миллӣ ба раҳбарии Абдуррашиди Дӯстум, муовини аввали раисиҷумҳур ба ҷони ҳам даруфтодаанд.

 Аз волии Форёб хабар додаанд, ки дар ин даргириҳо 11 нафар кушта шуданд. 

Аз ин пештар ҳам дар бораи бурузи ноамниҳо дар шимоли Афғонистон миёни Ҷамъияти Исломӣ ва Ҷунбиши Миллӣ гузориш дода мешуд. Ин даргириҳо дар вилояти Самангон доир шуда буданд, ки бар асари он яке аз фармондеҳони машҳури Ҷамъияти исломӣ Ҳоҷӣ Зоҳир дар минтақаи Сайидободи Самангон ба ҳалокат расида буд. 

Пулиси вилоят Муҳаммад Зоҳир- фармондеҳи маҳаллии ҳизби Ҷунбиши Миллиро якҷо бо ду узви дигари ин ҳизб ба гуноҳи қатли Ҳоҷӣ Зоҳир боздошт кард.

Моҳи гузашта  Вазорати додгустарии Афғонистон гуфта буд, ки  Аҳзоби сиёсие, ки дар Афғонистон ба фаъолиятҳои низомӣ даст бизананд, мунҳал хоҳанд шуд ва аҳзобе, ки гурӯҳҳои низомӣ доранд низ бояд идомаи кори онҳоро мутаваққиф кунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?