Дар заминларза 10 бинои мактаб дар Бадахшон зарар дидаанд

Дар заминларзаи 7-уми декабр дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон биноҳои даҳ мактаб зарар дидаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 9-уми декабр Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон бо мардум ва масъулини ноҳия мулоқот кардааст. Аслан, масоили кӯмак ба зарардидагон ва боз кардани роҳҳоро баррасӣ кардаанд.

Тибқи маълумоти ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ, дар ин ҳодисаи мудҳиш роҳи нақлиётии самти Рӯшон- Бартанг то километри 86-уми деҳаи Чадуд банд шуда буд, ки ҳоло боз кардаанд. Пули миёни деҳаҳои Чадуд ва Япшорви водии Бартанг низ аз истифода берун шудааст.

Дар ин ҳодиса дар вилоят 237 хона пурра хароб, 588 хона қисман зарар дидаанд. Бархе аз сокиноне, ки аз ин ҳодиса манзилҳояшон вайрон шудааст, дар бинои мактаб-интернати ноҳия ба сар мебаранд.

Бино ба маълумоти мақомот, 10 мактаб, 1 мактаби ибтидоӣ  пурра, 9 мактаби миёна қисман хисорот дидаанд. Инчунин, 3 китобхона, 2 хонаи фарҳанг, 1 Маркази саломатӣ,  1 неругоҳи хурди барқӣ  дар деҳаи Разудҷи водии Бартанг қисман зарар дидаанд. 

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?