Дар вилояти Хатлон донишгоҳи тиббӣ таъсис дода мешавад

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки то оғози соли нави таҳсил дар вилояти Хатлон муассисаи олии тиббӣ ба роҳ монда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз уҳдаи таъмини кишвар бо кадрҳои тибб намебарояд. Аз ин сабаб пешниҳод кард, ки дар вилояти Хатлон муассисаи нави олии таълимӣ роҳандозӣ шавад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон барои 9 миллион нафар аҳолӣ дар кишвар як донишгоҳи тиббӣ дорем, ки дар як сол 1400 довталаб қабул мекунад, ин аз куҷо мерасад? Президент таъкид ба он кард, ки “пеш аз ҳама дар бораи саломатии миллат андеша кунем”. 

Бино ба маълумоти Президент, ҳоло дар Тоҷикистон қариб 6 ҳазор табиб намерасад. Камбудии табибон дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минақаҳои кишвар аз ҳама зиёд мебошад Ҳамчунин Президент ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки курсҳои такмили ихтисоси табибонро зиёд кунанд. Зеро “табибон ҳуқуқи маънавии хато кардан надоранд, зеро тақдири инсон дар дасти ӯ аст.”

Президент гуфт, ки дар даврони истиқлолият 20 ҳазор нафар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Ин рақам дар даврони Шӯравӣ 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Copyright @2016 TojNews     

Шояд шумо суол ё назаре доред?