Дар Тоҷикистон санаи баргузории раъйпурсӣ эълон мешавад

Рӯзҳои наздик санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои  ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон эълон хоҳад шуд.

4-уми феврал Суди конситутсионии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ба Сарқонуни кишварро мақбул дониста, онро ба қонунгузории кишвар мувофиқ арзёбӣ кард. Тибқи муқаррарот бояд Парлумони кишвар рӯзҳои наздик санаи баргузории раъйпурсиро эълон кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Суди конститутсионии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба ном моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93-ро мутобиқ ба Сарқонуни кишвар донист.

Дар Суди конситутсионии кишвар гуфтаанд, “тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд.”

Лоиҳаи тағйиротҳо ба Сарқонуни кишвар 22-юми январ Маҷлиси намояндагон мақбул дониста, онро барои баррасӣ ба Суди конситутсионии кишвар пешниҳод намуда буд. Баъд аз розигии Суди конситутсионӣ дар назар аст, ки рӯзҳои наздик санаи раъйпурсии умумихалқӣ таин карда шавад.

Тибқи тағйиротҳои нав синни номзадии президентӣ дар Тоҷикистон аз 35 ба 30 сола поин оварда шуда, инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадиаш ба президентӣ бархурдор аст.

Маҳмадалӣ Ватанов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон ва феълан намояндаи Президент дар Парлумон гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат ҳақ дорад, ки номзадиашро бемаҳдуд ба президентӣ пешниҳод намояд.

-Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт,-таъкид кард Ватанов.

Тибқи тағйиротҳои нав инчунин мафҳуми Сароқонун аз қонуни асосии кишвар бардошта мешавад, зеро ба гуфтаи вакилон калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан дарбар мегирад.  Инчунин Шӯрои адлияи Тоҷикистон барҳам дода шуда, аъзои Ҳукумат баъд аз қабул тағйирот савганд ёд хоҳанд кард.  Дар сурати тасвиби тағйиротҳои мазкур ҳизбҳои хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ҳаққи фаъолият кардан надоранд.

Тағйиротҳои нав ба Қонуни асосии кишвар аз 41 банд ибора буда,  баъди гирифтани хулосаи Суди конситутсионӣ пешниҳоди мардум мешавад.

Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон соли соли 1994 қабул шуда, ба он ду маротиба дар солҳои 1999 (баъди истиқрори сулҳ) ва соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид кардаанд. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

чи даркор масрафи зиедати худатон халаш кунед

Шояд шумо суол ё назаре доред?