Дар Тоҷикистон “лимит”-и нерӯи барқ ба сокинон лағв шуд

Аз 23-юми феврал ба сокинони Тоҷикистон ба таври шабонарӯзӣ нерӯи барқ дода шуд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ҳавои зимистони имсола барои нисбат ба соли гузашта пештар лағв кардани “лимит” мусоидат кард. Захираи оби обамбори Норак низ дар сатҳи зараруӣ қарор дорад, аз ин сабаб “лимит”-и нерӯи барқ лағв шуд. Соли гузашта дар Тоҷикистон “лимит”-ро 27-уми феврал бардошта буданд.

Дар моҳи гузашта Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфта буд, ки дар моҳи феврал “лимит”-и нерӯи барқ коҳиш дода мешавад.

Он вақт вазир гуфта буд, ки ҳамарӯза сатҳи оби обанбори Норакро санҷида истодаанд ва сатҳи ҷамъшавии об дар он нисбат ба соли гузашта 1,35% бештар мебошад.

Соли равон маҳдудияти интиқол барқ ба аҳолӣ расман аз 19-уми октябр ҷорӣ шуд. Ҳарчанд сокинон ҳанӯз аз 1-уми октябр аз қатъ шудани барқ шикоят доштанд. Масъулини “Барқи тоҷик” он вақт гуфта буданд, ин тасмим дар пайи сард шудани ҳаво ва кам шудани резиши оби дарёи Вахш гирифта шудааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳар сол мегӯяд, ки лимити барқ ба хотири ҳифзи оби обанбори Норак гирифта мешавад, ки дар фасли сармо аз кам шудани сатҳи оби дарёи Вахш ба камбуди об дучор мешавад. Ҳудуди 80%-и Тоҷикистонро нерӯгоҳи Норак бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Зимнан, дар фасли сармо Тоҷикистон ба 3 миллиард киловат-соат нерӯи барқ ниёз дорад. Аммо дар фасли тобистон барои истеҳсоли изофии нерӯи барқ харидор намеёбад.

Масъулини соҳаи энергетикаи кишвар тасмим доранд, дар ояндаи наздик Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2-ро бо иқтидори лоиҳавӣ -100 мВт мерасад, ки ба таъмини аҳолии пойтахт бо неруи барқ дар давраи зимистон мусоидат хоҳад кард. Ҳоло мутахассисони ширкати чинии ТВЕА машғули бунёди қисмати навбатии МБГ Душанбе – 2 мебошанд, ки бо иқтидори  300 мВт нерӯи барқ ва 270 Гкал гармӣ шояд дар интиҳои сол ба кор дарояд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?