Дар Тоҷикистон 140 зани ҳомила гирифтори СПИД шудааст

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 844 ҳолати гирифтор шудан ба бемории ВИЧ-СПИД ба қайд гирифтааст, ки аз ин 140 нафарашон занони ҳомила мебошанд.

Тибқи омори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), дар 9 моҳи соли 2015 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 844 ҳодисаи сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии гирифторони ин вирус 518 ҳодиса дар байни мардон ва 326 ҳодиса дар байни занон ба қайд гирифта, аз онҳо 199  ҳодиса бо роҳи тазриқӣ, 514 бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, 86 ҳодиса номаълум ва 45 нафар аз модар ба кӯдак сироят шудааст.

Аз соли 2012 инҷониб дар Тоҷикистон 724 нафар занони ҳомиладор бо ангезаи бемории вируси мазкур дар қайд мебошанд. Аз ин теъдод 112 нафар ба соли 2012, 168 нафар ба соли 2013, 132 нафар ба соли 2014 ва 140 нафар ба 9 моҳи соли 2015 рост меояд.  

Ҳар сол дар ҷаҳон 1-уми декабр Рӯзи мубориза бар зидди СПИД таҷлил мешавад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?