Дар Суғд барои таъмири роҳҳо 91 млн. сомонӣ сарф карданианд

Ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, ки дар соли равон наздики 2 ҳазор километр роҳҳро таъмир кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, дар дираи барномаи вилоятии “Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод” навсозии роҳҳо идома дорад. То имрӯз дар ҳудуди вилоят 1954,26 километр роҳҳо аз таъмир бароварда шудааст. Аз ин миқдор 28,31 км роҳҳо пурра мумфарш шудааст. Ҳамзамон 675,65 километр роҳҳои маҳаллӣ бо асфалт аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, 1250,3 км роҳҳо шағалпӯш карда шудааст, - мегӯянд аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят.

Соли гузашта дар вилояти Суғд соли роҳҳои обод эълон гардида буд, ки ҳудуди 2 ҳазору 800 км роҳҳои вилоятро таъмир карда буданд.

Тибқи барнома имсол беш аз 3100 км роҳҳо таъмир мешаванд ва барои анҷоми корҳои барқарорсозӣ зиёда аз 91 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?