Дар Шаби қадр бояд чӣ тавр намоз хонд? Посухи Шӯрои уламо

Шӯрои уламои Тоҷикистон тарзи намоз гузоридан дар Шаби қадрро шарҳ додааст.

Як корбари сомонаи Шӯрои уламо пурсидааст, "дар шаби 27-уми моҳи шарифи Рамазон кадом намозҳоро хондан мумкин аст? Тарзи хондани намози шаби Қадрро мегуфтед, ки кадом сураҳоро хондан мумкин аст?"

Масъулини Шӯрои уламо дар посух ба ин суол гуфтаанд, "намози шаби 27-уми Рамазон низ мисли намозҳои нафлӣ хонда мешавад. Метавонед, ки ду ракъат ва ё чаҳор ракъат ният карда намоз гузоред, вале сураи хоссе дар ин намоз таъйин нашудааст, ҳар сураеро, ки хонед, дуруст мешавад. Яъне пас аз сураи “Фотиҳа” кадом сураеро, ки медонед, бихонед."

Дар идомаи посух мехонем, " иова бар ин, шумо метавонед дар ин шаб ба тиловати Қуръон, хондани зикрҳо аз қабили “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-азим”, “Астағфируллоҳ”, “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал-вакил” ва ғайра машғул шавед. Аз сураҳо бошад, метавонед сураи “Ихлос” ва сураи “Қадр”-ро бисёр бихонед. Инчунин дуои хоссе, ки дар ин шаб ривоят шудааст, ин дуо аст: “Аллоҳумма иннака афуввун каримун туҳиббул-афва, фаъфу аннӣ” – Худовандо, ту бахшанда ва бокарам ҳастӣ, афву бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?