Дар пайи зилзила ва сардӣ 6 сокини Рӯшонро сармо задааст (Навор)

Дар пайи сардиҳои рӯзҳои охир чанд сокини бесарпаноҳмондаи ноҳияи Рӯшонро сармо задааст.

Дар тасдиқи ин хабар Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон ба TojNews гуфт, 6 сокини ноҳияро сармо задааст, ки ҳоло дар зери муроқибати табибон қарор доранд. Вазъи чанд тан аз онҳое, ки дар заминларза осеб дидаанд, хуб арзёбӣ мешавад.

7-уми декабр дар 22-километрии кӯли Сарез зилзила ба вуқуъ омад, ки тавоноии он баробар ба 7-8 бали ҷадвали Рихтер буд. Баъди зилзила ҳаво сард шуд, ки роҳи заминӣ ва ҳавоӣ ба минтақа баста шуд.

Дар ин зилзила як зани дуҷон, ки ҷон ба саломат бурдааст, 4 рӯз пеш дар таваллудхонаи ноҳияи Рӯшон таваллуд кардааст.

Худоёр Худоёров мегӯяд, ҳоло комиссияи ҳукуматӣ ҳамроҳ бо Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ дар ноҳияи Рӯшон қарор дошта, ба аҳволи зарардидагон аз наздик шинос шуда истодаанд.

Тибқи маълумоти раиси ноҳия, то имрӯз ҳудуди 490 нафар шахсони зарардидаро ба ҷойҳои амн интиқол дода, дар кӯдакистон, беморхона, мактабҳои №9, №8, лагери тобистона ва дар хонаҳои аҳолӣ ҷойгир кардаанд. Танҳо 40 нафар шахсоне боқӣ мондаанд, ки манзилашон қисман аз заминларза осеб дидааст ва то охири рӯз низ онҳо ба ҷойҳои амн интиқол хоҳанд ёфт, - мегӯяд Худоёров.

Мусоҳиби мо афзуд, ки ҳоло чархболҳои Вазорати мудофиа барои сокинон маводи хӯрока бурда, аз он тараф осебдидаҳоро оварда истодаанд. Вазъияти роҳ низ хуб буда, то 100 км аз маркази ноҳия роҳ аллакай боз шуд. Бо супориши Президент ба водии Бартанг 8 булдозер ҷудо шуда, дар роҳ мебошанд.

Дар асоси ҳисоботи пешакӣ хисороти заминларза дар ноҳияи Рӯшон наздик ба 24 миллион сомонӣ мебошад, эҳтимол ин рақам боз ҳам афзоиш ёбад. Раванди баҳисобгирии хисороти заминларза аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода идома дорад.

7-уми декабр дар Бадахшони Тоҷикистон се бор ларзидани замин ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Муассисаи илмии “Хадамоти геофизикӣ”-и Академияи илмҳо заминларзаи аввал соатҳои 12-50  ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст. Маркази заминларза дар 357 км  ҷанубу  шарқи Душанбе дар 22-километрии кӯли Сарез воқеъ будааст, ки тавоноии ларзиши замин баробар ба 7-8 бали ҷадвали Рихтер арзёбӣ мешавад. Ларзиши замин дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри  Душанбе 3-4 балро ташкил дод. 

Бори дуюм, соати 15-04 дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ларзиши замин ба қайд гирифта шуд, ки  дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Такроран баъди 30 дақиқа дар ҷойи аввава заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он  дар марказаш ба  5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе  2-3 бал баробар буд.

Ба иттилои мақомоти кишвар аз ин заминларза қариб 800 хонаи сокинон осеб дида, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки яке аз онҳо Илҳомбек Шогунбеков, корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

НАВОРИ ЗЕР БАЪДИ ЧАНД ЛАҲЗА АЗ ЗИЛЗИЛА АЗ ҶОНИБИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ БАРДОШТА ШУДААСТ

 

 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Хамдарди ба мардуми осебдидаи Бадахшон. Ва як чизи дигар ки шояд вокеъи набошад аммо ба зехнам гохе хутур мекунад.. Метарсам ки дар чандсадметрии зери замин чиноихо хама канданихоро канда бурда, ончоро ковок карда бошанд...

Шояд шумо суол ё назаре доред?