Дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи тиббӣ таъсис хоҳанд дод

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон муассисаи олии тиббӣ ба роҳ монда мешавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон 20-уми январ дар Паёми солонааш ба парламент супориш дода буд, ки то оғози соли нави таҳсил дар вилояти Хатлон муассисаи олии тиббӣ ба роҳ монда шавад.

Дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки донишгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Данғара то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар навбати аввал то 200 довталабро қабул хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Донишгоҳии тиббии нав дар Хатлон дар бинои Донишгоҳи давлатии Данғара, ки аз соли 2013 инҷониб фаъолият мекунад, ҷойгир хоҳад шуд. То таъини ректор дар ин муассиса Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино иҷрокунадаи вазифаи ректор хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонааш гуфта буд, ки танҳо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз уҳдаи таъмини кишвар бо кадрҳои тибб намебарояд. Аз ин сабаб пешниҳод кард, ки дар вилояти Хатлон муассисаи нави олии таълимӣ роҳандозӣ шавад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон барои 9 миллион нафар аҳолӣ дар кишвар як донишгоҳи тиббӣ дорем, ки дар як сол 1400 довталаб қабул мекунад, ин аз куҷо мерасад?

Бино ба маълумоти Президент, ҳоло дар Тоҷикистон қариб 6 ҳазор табиб намерасад. Камбудии табибон дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минақаҳои кишвар аз ҳама зиёд мебошад Ҳамчунин Президент ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки курсҳои такмили ихтисоси табибонро зиёд кунанд. Зеро “табибон ҳуқуқи маънавии хато кардан надоранд, зеро тақдири инсон дар дасти ӯ аст.”

Президент гуфт, ки дар даврони истиқлолият 20 ҳазор нафар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Ин рақам дар даврони Шӯравӣ 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ректори Донишгохи тибби Убайдулло Курбон шахси поквичдон ва чаррохи хуб будааст. Вазири маориф, ки шавад, аз ухдааш мебарояд
Кай вазири маориф мешавад? Тезтар шавад. Эй кош....
Чи бояд вазирон факат аз Дангара бошанд?
Конечно аз дангара мешавад чунки хозир танхо занхои Дангара метавонанд президенту прокурору вазир ба дунё меоранд так что бахили накунен мо Дангарагиё аз зурии худамон минадорем.
зинда бод данғара!макони одамони пешрафта.....!!!!!!!!!??????....
Аз иваз намудани чои чамъшавандахо, хосили чамъ иваз намешавад.
бигзор Дангара аз ин хам одомони пешрафта зиёд шавад

Шояд шумо суол ё назаре доред?