Дар Қирғизистон сарвазири 28-умро интихоб карданд

Сооронбай Ҷеенбеков, сарвазири нави Қирғизистон интихоб шуд.

13-уми апрел Порлумони Қирғизистон аз номзадии Сооронбай Ҷеенбеков ба мақоми сарвазирӣ пуштибонӣ кард. Ӯ дар нахустин баромадаш ҳамчунин Сарвазир гуфт, ҳукумати ӯ дар фаъолияти худ ба мубориза бо терроризм ва таъйини хатҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя авлавият хоҳад дод.

Интихоботи Ҷеенбеков дар пайи истеъфои Темир Сариев сурат мегирад, ки 11-уми апрел аз мақомаш истеъфо дода буд. 

Парлумони Қирғизистон кобинаи вазирони Темир Сариевро ба ришвахорӣ муттаҳам кард. Аммо Сариев ин иддаоро рад карда гуфт, бо вуҷуди истеъфо додан бегуноҳиашро собит хоҳад кард. 

Сооронбай Ҷеенбеков ҳамакнун сарвазири 28-уми Қирғизистон мебошад. Дар тӯли 25 соли истиқлолият Қирғизистон 28 сарвазир интихоб ва барканор шудаанд ва бархе аз онҳо ҳатто як сол ҳам дар ин мақом кор накардаанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?