Дар Қирғистон созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро тасвиб карданд

Ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расондааст.

Хадамоти матбуотии Ҳукумати Қирғизистон эълон кардааст, ки 15-уми январи соли равон лоиҳаи муоҳадаи Тоҷикистону Қирғизистон оид ба 519,9 километр марзи ду кишвар мавриди қабул дониста шуд. 

Дар хабар омадааст, ки рӯзҳои 19-20 ноябри соли 2015 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбати ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба аломатгузории марзи ду кишвар баргузор шуда буд. Ва ҷаласаи ҳукуматӣ лоиҳаи мувофиқашудаи ду ҷонибро тасвиб кард. 

Акнун қарор аст ин лоиҳа ба баррасии ҳукуматҳои ду ҷониб пешниҳод шавад, то овоздиҳии дохилидавлатӣ ҷиҳати қабулу тасдиқи он сурат гирад. 

Дар айни замон ҷониби Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро баррасӣ ва дар ҷаласаи ҳукуматӣ қабул кардааст.

Ҷониби Тоҷикистон ҳоло изҳори назаре дар ин маврид накардааст. 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?