Дар Ҳироти Афғонистон ҳукми эъдоми 13 одамрабо содир шуд

Додгоҳи шаҳри Ҳироти Афғонистон 13 нафарро ба одамрабоӣ муттаҳам кард ва ҳукми эъдоми онҳоро содир намуд. Дар мурофиаи рӯзи якшанбеи додгоҳ чор нафари дигар, ки яке аз онҳо зан мебошад, ба муҳлати аз 5 то 20 сол зиндонӣ шуданд.

Аммо иддае аз вакилони мудофиаи муттаҳамон  дар эътироз ба ҳукми додгоҳ гуфтаанд, ки додгоҳ далели кофӣ барои эълони ин гуна ҳукмҳои сангин дар ихтиёр надошт. Қозии додгоҳ бошад гуфтааст, ки ин парвандаҳо хеле омӯхта шуданд ва дар эълони ҳукм тақсире нашудааст.

Намояндаи додгоҳ гуфтааст, ки ин 17 нафар, ки дар як рӯз парвандаашон мавриди муҳокима қарор гирифт, мансуб ба як гуруҳ набуданд. Дар се ҳолати одамрабоӣ инсонҳо ҷони худро аз даст додаанд ва ин афрод барои қатли инсонҳо низ гунаҳгор дониста шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки одамрабоӣ дар Афғонистон як ҳодисаи маъмул буда, реша давондааст. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти Афғонистион хостаанд, то барои таъмини амнияти шаҳвардон аз иқдомоти муассир кор гирад.

Дар Ҳирот низ одамрабоӣ чун дар дигар нукоти ин кишвар ривоҷи тоза пайдо кардааст, вале то кунун дақиқ нест, ки теъдоди рабудашудагон дақиқан чанд аст.

Дар аксар мавридҳо одарабоён аз волидони қурбониён пул талаб мекунанд. Аммо дар аксар мавридҳо тифлони рабудашдуа бенишон ғайб мезананд.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?