Дар ИМА доруи зидди Эбола аз санҷиш гузашт

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озомоиши аввалин доруи зидди Эбола бо муваффақият ба анҷом расид.

Дору дар хуни 20 довталаб санҷида шуд ва натиҷаи онро дар “Маҷаллаи тиббии Англияи нав” чоп карданд.

Дар хабари интишоршуда гуфта мешавад, ки зери таъсири ваксина системаи сироятпазирии бемор антителаи зидди вируси Эбола тавлид кард. Ҳамзамон бо ин гуфта мешавад, ки ягон хел аксуламал ба ҷуз болоарвии ҳарорат эҳсос нашуд.

Қарор аст санҷиши оянда дар Африқо сурат гирад. Директори пажуҳишгоҳи амрикоии бодигармшиносӣ ва бемориҳои сироятӣ гуфтааст, ки санҷиши фарогиртар дар Либерия хоҳад гузашт, то яқин шавад, ки он дар ҳақиқат таъсир дорад ё на.

То миёнаҳои соли 2015 олимон қасд доранд маълумоти кофиро дар бораи такмили дору ва дурнамои он ҷамъоварӣ намоянд.

Бино ба навиштаи нашрияҳо ширкати дорусозии GlaxoSmithKline бо мутахассисони амрикоӣ ҳамкорӣ мекунад. 

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ теъдоди қурбониёни Эбола ба 5,7 ҳазор нафар расидааст. Наздик ба 16 ҳазор нафар дар сар то сари олам ба ин вирус сироят шудаанд.

Ҳалокшудагон аз ин беморӣ дар Либерия, Серра-Леона ва Гвинея бештар аз дигар нукоти оламанд.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?