Дар Хоруғ “Тангем” бо мусофиронаш ба 83 метр ҷарӣ сарозер шудааст

Автомашини тамғаи “Чанху”, маъруф ба “Тангем” дар шаҳри Хоруғ бо ронанда ва чаҳор мусофираш ба чуқурии 83 метр сарозер шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳодиса 5-уми апрел рух дода, дар сари чамбараки худрав ҷавони 19-сола сокини шаҳри Хоруғ қарор доштааст, зимни ҳаракат аз самти “Боғи Ботаникӣ” ба самти кӯчаи Г.Имроншо ба садама дучор мешавад.

Бино ба маълумоти вазорати дохилӣ, “боришоти зиёд ва фаромадани сел, аз кӯҳ сарозер шудани санги калон ва ба чархи тарафи чапи автомашина задани он” боис ба ҷарии чуқуриаш 83-метр афтидани автомашина шудааст.

“Дар натиҷа  ронанда ва мусофираш ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашина ду сокини шаҳри Хоруғ марди 24 ва 23-сола, инчунин марди 21-солаи сокини ноҳияи Шуғнон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд”, - мегӯянд дар ВКД.   

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?