Дар Фаронса масҷидеро хароб ва Қуръонро оташ заданд

Афроди номаълум дар Фаронса намозхонаи мусалмононро хароб ва Қуръонро сӯзонданд.

Дар шаҳри Аяччои ҷазираи Корсики Фаронса намозхонаи мусалмононро хароб ва чанд нусха аз Қуръони Каримро оташ заданд.

 AFP истинодан ба пулиси маҳаллӣ хабар додааст, ки ин ҳодиса дар арафаи ҷашни Крисмас рух додааст, дар ҳоле ки пулис тадобири шадиди амниятӣ андешида буд. Пулис мегӯяд, дар ҷараёни ҳамла ба ибодатгоҳ садоҳои “Арабҳо, биравед!”, “Ин хонаи мост” шунида мешуд. 

Франсуа Лаланна, як соҳибмансаби маҳаллӣ гуфтааст, ки тазоҳуркунандагон, ки теъдодашон ҳам чандон зиёд набуд, дари шишаиро шикастанд ва вориди намозхона шуда, аввал онро ғорат карданд ва чандин дона китоб, аз ҷумла чанд адад Қуръонро ба оташ кашиданд.

Сарвазири Фаронса Мануэл Валс дар саҳифаи худ дар Твиттер ин рӯйдодро маҳкум крадааст ва гуфтааст, ки он “қобили қабул нест”. 

Вазири умури дохилии Фаронса Бернар Казнёв ваъда додааст, ки ҳамлаварон пайдо ва ба ҳабс гирифта хоҳанд шуд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

МАРГ БАР ИН ОДАМОН , ОЛЛОХ МЕДОНАД БА ИН ХЕЛ ОДАМОН ЧИ КОР КУНАД . ХУДО ЧАЗОЯШОНРО МЕДИХАД.
барои чи гапои манро чоп намекунед ?

Шояд шумо суол ё назаре доред?