Дар Facebook тугмаи "dislike" “писанд нест” пайдо мешавад

Рӯзҳои наздик дар шабакаи иҷтимоии Facebook "dislike" “писанд нест” пайдо хоҳад шуд.

15-уми сентябр Марк Сукерберг, поягузор ва раҳбари ширкати Facebook дар як конфронсе дар дафтари марказии ширкат дар Калифорния гуфтааст, ки барои роҳандозии чунин тугмае дербоз аз корбарон дархост мегирад.

Қаблан, Марк Сукерберг мухолифи роҳандозии тугмачаи “намеписандам” дар Фейсбук буд, вале ахиран фикрашро тағйир дода, мехоҳад ин тугмача низ дар паҳлӯи “меписандам” (Like) фаъол карда шавад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Точневси азиз!Кай фейс дар ТОчикистон во мегардад???Девона шудам, аз дустонам хабар надорам, харруз шеъру газал мехондам, аммо имруз факат чангу чанчол..

Шояд шумо суол ё назаре доред?