Дар Душанбе ҷавоне ба тайёр кардани 50-сомонии қалбакӣ муттаҳам мешавад

Як ҷавони 23-сола, сокини Душанбе ба тайёр кардани купюраҳои 50-сомонӣ муттаҳам мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, сокини 23-солаи шаҳри Душанберо 6-уми апрел “бо гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул, ё коғазҳои қимматноки қалбакӣ” боздошт кардаанд.

Мақомот муайян кардаанд, ки “номбурда, дар хонаи муваққатан истиқоматиаш ба тайёр намудан ва ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани асъори миллӣ, купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ машғул шудааст”.

Зимни санҷиши манзили муваққатиаш 103 адад купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ ва як адад таҷҳизоти компютерӣ дарёфт ва мусодира кардаанд.

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

Э офарин офарин пешрафту таракиёт шудаст ку дар точикистон!

Шояд шумо суол ё назаре доред?