Даҳ медали ҷашнӣ ба рӯзноманигорони "Овози тоҷик"- и Узбакистон

Даҳ тан аз беҳтарин рӯзноманигорони тоҷики Узбакситон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ин кишвар бо нишони 25-солагии истиқлолияти давлатии Узбакистон сарафроз шудаанд. 

Дар ин бора рӯзноманигори маъруф Мирасрори Фарғонӣ истинодан ба сардабири нашрияи Овози тоҷик Шерпӯлод Вакилов иттилоъ додааст. 

Мирасрори Фарғонӣ дар саҳифаи фейсбуки худ навишт: Имрӯз дар идораи "Овози тоҷик" сардабир Шерпӯлод Вакилов эълон кард, ки даҳ нафар кормандони ин рӯзнома ба гирифтани нишони "25-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон" мушарраф гардиданд. Ин нишонҳо ба соҳибонашон дар шакли тантанавӣ супурда шуд.

Манбаъ аз ин даҳ тан ном будааст, ки инҳо Тоҷибой Икромов, Муҳаммадҷон Шодиев, Паймон, Гулҷаҳон Кабирова, Абдулло Субҳон, Саодат Бекназарова, Амрулло Авезов ва се нафари дигар будаанд.  

Узбакистон 1-уми сентябри соли равон ҷашни истиқлол дорад, вале ба иллати бемории президент Ислом Каримов тантанаҳои расмии ҷашнвора лағв шудаанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?