Човушоғлу дар Душанбе барои 3 сол созишнома имзо кард

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия дар оғози сафараш ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов мулоқот анҷом додааст.

Дафтари матбуоти ВКХ-и Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти вузарои хориҷии ду кишвар субҳи имрӯз 21-уми октябр баргузор гардид.

Манбаъ мегӯяд, “дар заминаи тавофуқҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, вазирони корҳои хориҷа ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд.”

-Ба ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузориҳо, иртиботи нақлиётӣ, энергетика, саноат, фарҳанг ва маориф зарурати роҳандозии фаъолтари робитаҳои байнисоҳавӣ ва нишастҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид. Ҷонибҳо нисбат ба зарурати тақвияти абзорҳои дуҷонибаи мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ ва инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҳамдигар оид ба парвандаҳои ҷиноӣ назари яксон доштанд,-мегӯянд дар ВКХ.

Пас аз анҷоми музокирот Сироҷиддин Аслов ва Мавлуд Човушоғлу “Барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркияро барои солҳои 2017-2020”-ро имзо карданд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?