Чорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик ба роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилияро ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ӯ дар мусобиқаи ҷаҳонии бокс, ки дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку  ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Анвар Юнусов  баъди се пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва), Алӣ Аҳмад (Покистон) ва Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби якхелаи 3:0, шаби панҷшанбеи 23 июн дар даври чорякниҳоӣ Волкан Гоксекро аз Туркия бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Манбаъ мегӯяд, Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку  идома медиҳад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи имрӯз 24-уми июн баргузор мешавад, бо Ҷун Шан аз Чин рақобат мекунад. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии ниманиҳоӣ муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақал ҷойи севумро мегирад. 

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Енок Мвандила Поулсен (Дания) ва Рошиелд Виллямс (Баҳрайн) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври  чорякниҳоӣ 23 июн аз Кумар Маноҷ (Ҳиндустон) шикаст хӯрд. Агар варзишгари Ҳиндустон, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, ғолиби мусобиқа шавад, он гоҳ Шавкатҷон Раҳимов ҷойи панҷумро мегирад ва ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ даст меёбад.

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзен Раҳматшоев дар даврҳои муқаддамотӣ дар вазни то 52 кило ду пирӯзӣ ба даст овард. Вай бар Кирилл Сериков (Эстония) ва Абел Кебеде Туфа (Эфиопия) бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғалаба кард. Баъдан Раҳматшоев дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Винсензо Пикардӣ (Италия) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум шуд.

Инчунин муштзани тоҷик Бахтиёр Мирзомуҳаммад, ки дар вазни то 69 кило дар нахустин қувваозмоияш Даниел Бабикро аз Словения дар оғози раунди севум бо нокаути фаннӣ шикаст дод, дар даври баъдӣ аз Аббос Бороу (Олмон) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт ва аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд. 

Чаҳор муштзани дигари тоҷик - Баҳодур Усмонов (56 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Меҳрубон Сангинов (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) - дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз мусобиқа хориҷ гаштанд.

Ба ин тартиб, аз ҳашт муштзани тоҷик алъон танҳо як нафар - Анвар Юнусов - соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шудааст.

Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар Боку дар вазнҳои аз 52 то 81 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин финалистони вазни то 49 кило ва ғолибони вазнҳои 91 ва беш а 91 кило роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд.  

Анвар Юнусов чорумин варзишгари тоҷик аст, ки  ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст.Қаблан варзишгарони маъруфи тоҷик: Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимии Рио-де-Жанайро гардида буданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?