Ҷопон ба вилояти Суғд 301 ҳазор доллар ҷудо кард

Ҳукумати Ҷопон барои сокинони 3 ноҳияи вилояти Суғди Тоҷикистон бо маблағи 301 ҳазор доллар кӯмаки бебозгашт кардааст.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон,   ҳадафи аслии лоиҳаҳои мазкур дастрас намудани техникаи вазнин, сохтмони маркази занон ва сохтмони бинои нави мактаб мебошад.

Азҷумла дар доираи “Лоиҳаи дастрас намудани техникаи вазнин барои рушди зерсохтор дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ” ба ин ноҳия техникаи вазнин, ки бо максади тоза кардани роҳ ва каналҳои оббёрии ноҳия ва мустаҳкам кардани соҳилҳои дарё ҷудо гардид.

Инчунин ташкилоти ҷамътиятии “Занони Шар” барои сохтани Маркази захиравии занон дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар маблағ дарёфт кардааст. Дар ин марказ ба занон ва кудаконе, ки ҷабрдидаи зуроварихои мухталифанд, хизматҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонида мешавад.

Ҳукумати Ҷопон «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №15 дар деҳаи “Угук”-и ҷамоати ба номи Исмоили Сомонӣи ноҳияи Деваштич»-ро ба анҷом расонид. Ин мактаб бо сарфи 103 ҳазор доллари ИМА бунёд гардидааст.

Дар маросими анҷоми 3 лоиҳаи мазкур Сафири Фавқуллода ва Комилҳуқуқи Ҷопон дар Чумхурии Тоҷикистон Хаҷимэ КИТАОКА иштирок кардааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?