Чопи нахустин китоб дар бораи ноки заминӣ

Китоби нави олимони тоҷик дар бораи топинамбур (ноки заминӣ) ба табъ расид.

Ба гуфтаи муаллифони китоб ноки заминӣ растании нодиру серҳосил буда, нақши он дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон дар оянда ниҳоят калон хоҳад гашт.

Бино ба иттилои Академияи илмҳо, китоби “Аҳамияти топинамбур дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Партоев Қ., Ясинов Ш.М., Сайдалиев Н.Х. таҳия шудааст.

Китоб аз 167 саҳифа иборат буда, дар он маълумотҳои нави илмии олимони тоҷик оид ба аҳамияти зироати топинамбур, ки таи солҳои охир дар шароити Тоҷикистон гирд оварда шудаанд, дар 51 расм, 27 нақша ва 25 ҷадвал нишон дода шудаанд.

Китоби мазкур нахустин  маҷмӯаи мукаммал дар бораи топинамбур бо забони тоҷикӣ мебошад.

Дар китоб маълумотҳои зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши зироати топинамбур, тавсифи морфологии он, омилҳои асосии сабзиши он, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодабарии маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озўқаворӣ, сўзишворӣ, хўроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва ин растании фоиданок пешкаш намудаанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?