Чопи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон қатъ гардид

Шариф Ҳамдампур, масъули чопи ҳафтаномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон аз идомаи нашри он худдорӣ кард.

21-уми июл ҷаноби Ҳамдампур дар ҳузури рӯзноманигорон эълон кард, ки баъди нашри мақолаи таҳқиромези Сергей Пономарев  бо номи “Таджикистан из советского прозябина в светлое будушее” онҳо ба хулосае омаданд, ки дигар ин ҳафтаномаро дар Тоҷикистон чоп накунанд.

Ин медиамагнати тоҷик гуфт, “ин мақола  аз нигоҳи ахлоқи рӯзноманигорӣ ғайри қобили қабул, таҳқири миллати тоҷик аст. Пас аз мутолиаи мақола бо роҳбарияти “KP.ru” иртибот доштам ва гуфтам, ки ин мақолаи иғвоангез ва пур аз таҳқири миллати тоҷик аст ва бар манфиати ҳамкории мо нест. Вале аз ҷониби роҳбарияти  “KP.ru” ҳеҷ иқдоме нисбати таҷдиди назар ба ин мақола сурат нагирифт.”

Ба унвони сармуҳаррири  “Комсомольская правда” В. Сунгоркин мактуб навишта, дар мавриди боздошти чоп ва паҳн кардани ин нашрия дар Тоҷикистон хабар додам.

-Таҳқири миллатею шӯр андохтани мардум кори носавоб аст ва агар ин мақола аз саҳифаи сомона бардошта мешуд,  бар манфиати рафоқат миёни мардуми ду кишвар ва хамкории  тарафайни нашрияхо мебуд. “Комсомольская правда”нашрияи дӯстдоштаи ӯст ва таҷрибаи 10 -солаи ҳамкорӣ бо ин нашрия дорад. Гузашта аз ин, нахустин таҷрибаи рӯзноманигориро замони Шӯравӣ дар ин рӯзномаи муътабар гирифтааст ва аввалин мақолаҳояшро низ дар он чоп кардааст. Аз ин ҷост ки аз соли 2006 дар асоси шартнома «Комсомольская правда»-ро дар Тоҷикистон чоп мекунад,-таъкид кард Ҳамдампур.

Шариф Ҳамдампур иқрор шуд, ки боздошти нашри ин рӯзнома барояш ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам маънавӣ гарон буд.

“Ин амбитсия набуд, ин мавқеи шаҳрвандии ман буд”- изҳор намуд ӯ .

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?