Ҷоизаи Мирзои Салимпур, пас аз ронда шуданаш

Мирзои Салимпур журналисти маъруфи тоҷик, ҷойизаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷиратро барои гузоришҳои беҳтарини радиоияш дар ҳоле ба даст овард, ки худаш ба як муҳоҷири корҷӯи тоҷик дар дили Аврупо табдил шудааст.

Ҷойизаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои силсилаи беҳтарин гузоришҳои родиёӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик, ки қурбонии қочоқи инсон шудаанд, ба номи журналист Мирзои Салимпур бояд эълон бишавад.

Дар ин бора манобеи TojNews дар намояндагии ин созмон дар Душанбе хабар доданд.

Ин дар ҳолест, ки Мирзои Салимпур акнун худ як муҳоҷири корҷӯйи тоҷик аст, ки баъди 16-соли фаъолият дар бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” аз кор ронда шуд.

Мирзо Салимпур дар Радиои “Озодӣ” 16 соли охир фаъолият мекард ва яке аз журналистони ҳирфаии боқимонда дар ин расона ба ҳисоб мерафт. Вай то соли 2002 дар бахши тоҷикӣ дар Душанбе  ва минбаъд корашро дар Прага идома дод.

Ҷаноби Салимпур қаблан гуфта буд, ба Тоҷикистон, бинобар ин ки фарзандонаш дар Чехия таҳсил мекунанд, баргаштанӣ нест. Мехоҳад дар Аврупо кори дигаре пайдо бикунад.  

Назарҳо

Дар Точикистон инкас чикор мекунад баъди гапохои гуфтагиш

Шояд шумо суол ё назаре доред?