Чигуна аз Турсунзода то Мастчоҳ сникерс “вафли” мешавад?

Ман як хонандаи ҳафтаномаи “Нигоҳ” мебошам ва ҳар шумораи онро бесаброна мунтазир мешавам. Мехоҳам як шикояти худро тариқи ин ҳафтанома ба хонанда расонам ва фиребгарии як зумра аз соҳибкоронро ошкор намоям.

Ҳафтаи гузашта ба хотири иди Саид Фитр аз бозор чанд намуд шоколад харидорӣ кардам азҷумла аз шоколадҳои навъи “сникерс” ва “KatKat”. Аммо баъдан маълум шуд, ки ман на шоколад балки “вафли” харидаам. Шаклу намуди борпечи шоколад аз шоколади сникерс ва KatKat ягон фарқ надошт, ягон адади онро ҳам дар бозор накушодам. Харида хона омадам ва яке аз фарзандонам хоҳиш кард, ки барояш чанд дона шоколад бидиҳам. Ба ӯ чанд дона додам ва паи кори худ шудам. Пас аз чанд дақиқа ӯ давида омад, ки фарёд кард, ки падар барои ман шоколад диҳед на “вафли”. Ҳайрон шуда ба дасти писарам нигоҳ кардам, ки дар дасташ шоколад не балки “вафли” аст. Саросема 5-6 донаи дигари “шоколад”-ро кушодам, аммо аз дохили ҳамаашон “вафли” баромад. Ба навиштаҷоти болои борпеч назар кардам ва онҷо навишта шуда буд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Турсунзода Ҷ.Т.Туйчиев Д.Дӯсти. истеҳсолкунанда: Қодирова Анора

Ба он соҳибкоре, ки ба чунин фиребкорӣ даст задааст лаънат хондам. Ин рӯирост фиреби мардум аст. Чаро аз номи ширкати “Сникерс” ва “KitKat” сӯистифода карда, даст ба ғорати мардум мезананд. Масъулин дар куҷоянд? Суханрои аз ин дароз намекунам ва барои тасдиқи фикрам чанд дона аз ин “вофлишоколад”-ҳои хонум Анораро ба идораи нашрия мефиристам.

Бурҳонхон Шодиев, сокини ноҳияи Мастчоҳ

PS: Мактуб ва чанд дона аз шоколад ээ “вафли”-и фиристондаи ин хонанда ба даст мо расид ва кормандони редаксияро ҳам ҳайрон кард. Дар чанд моҳи ахир ин дуввумин ҳолати сӯистифода аз бренди маҳсулотҳои хориҷӣ буд.  Қаблан  дар мағозаҳои шаҳри Душанбе равғани маскаи “Аркон”  пайдо шуда буд, ки ба равғани маскаи сифаташ баланди “Анкор” монанд аст.  “Анкор”-и хориҷӣ бо қимати 13-14,5 сомонӣ барои як баста фурӯхта мешуду тамъи хос ва сифати баланд дорад. Дугоники бегонаи он - “Аркон” аз 10,5-11 сомонӣ нарх дошта, тамъаш ҳамон “Равғани маска”-и Комбинати шир аст, ки солҳои ахир сифаташ нисбатан бад шуда буд.

Суоле, пайдо мешавад, ки чӣ соҳибкорони Тоҷикистонро маҷбур мекунад, ки даст ба ин “ҳилаи шаръӣ” зананд.

Вазъи буҳронӣ? Сӯистифода аз номи ширкатҳои машҳури дунё.  Ин ҳама фиребкорӣ дар ҳоле, ки брендҳои маъруф метавонанд истеҳсолкунандаи бевиҷдонро ба ҷавобгарӣ кашанд.

“Нигоҳ” бори дигар аз хонандагони худ дархост мекунанд, ки зимни хариди ин гуна маҳсулот эҳтиёт бошед, то қурбони ҳилагарон нагардед!

Дар ин зимн ба “Нигоҳ” даст надод, ки Қодирова Анораро, ки хонандаи мо аз Мастчоҳ ӯро ба фиребкорӣ муттаҳам мекунад пайдо кунад. Дар ҳолати шарҳи ӯ ҳафтанома омода аст назари ӯро низ ба табъ расонад.

 

Назарҳо

Дар ин чо ягон иштибох нарафтааст. Талаботи бозоргони чунин аст. Гуё намедонед, ки дар бозорхо тачхизоти маишии монанд бо истифода аз номхои наздик ба номхои брендхои машхур кам бошанд. Хангоми харидории махсулоту тачхизот бодиккат будан лозим.
Ты не прав брат
Тибқи талаботи Моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ” ягон шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ҳуқуқ надорад, ки тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро бе иҷозати соҳибҳуқуқ истифода барад. Бе иҷозати соҳибҳуқуқ дар муомилоти гражданӣ дар ҶТ истифода бурдани тамғаи молӣ (ё нишонае, ки он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст) нисбат ба молҳое, ки барои фардикунонии онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст (ё нисбат ба молҳои бо ин молҳо якхела), ҳамчун вайронкунии ҳуқуқи истисноии соҳибҳуқуқ (истифодаи љайриқонунии тамғаи молӣ) эътироф карда мешавад. Молҳо, тамғакоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки дар онҳо тамғаи молӣ ё нишонае, ки ба он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст, ғайриқонунӣ истифода бурда мешаванд, молҳои қалбакӣ ҳисоб меёбанд. Тибқи Моддаи 638 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ барои ғайриқонунӣ истифода намудани нишони мол ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти Моддаи 114 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар Моддаи 638 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ пешбинишуда, ба ваколати Мақомоти стандаризатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дохил мегардад.Пас бояд макомоти сертификатсия чорачуи намоянд!
Инхел фиребгарихо бисер аст! Масалан ман хам такрибан як мох пеш аз бозор шоколади "BOUNTY", ки инкадар шинохта аст, харидори кардам вакте ба хона омадам хурдсолон пурсиданд, ки чи овардам ман гуфтам шоколади дустдоштаатонро овардам онхо шод шуданд, лек вакте боз кардан он чо вафлии мухлаташ гузашта буд на шоколад. Афсус ки имруз аксарият фоидаи худро фикр карда мардумро фиреб медиханд, махсулотхои пастсифатро ё мухлаташ гузаштаро ба фуруш мегузоранд, ки ин ба саломатии инсонбисер зарар дорад. Масъулин хар руз аз 8:00 то 17 :00 бо чи кор машгул бошанд, ки назорат нест?!
Ин Анора сохибкори беинсоф агар, ки ефтен аз чавобгарии дур мешавад, чунки фарк байни KitKat ва KAtKat зиед аст, ранги Хитоихо, ки Adidas-ро Abidas ва дигар хел месозанд...

Шояд шумо суол ё назаре доред?