​Ҷавонони тоҷикро чӣ маҷбур мекунад, ки дар ғурбат ҳамдигарро бикушанд?

марҳум Саидшоҳ Исломов

Дар Русия ба қатли тоҷик шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Шоми 12-юми июни соли равон Саидшоҳ Исломов, донишҷӯи тоҷики Донишкадаи Сибири Шимолии Вазорати корҳои дохилии Русия аз ҷониби шахсони номаълум ба қатл расонида шуд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат ба “Нигоҳ” гуфт, Саидшоҳ Исломов 20-сол дошта, дар курси дуюми Донишкадаи Сибири Шимолии ВКД-и  Русия таҳсил мекард.

Дар робита би ин куштор аз ҷониби мақомоти қудратии шаҳри Иркутск парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, шахсони гумонбар дастгир шудаанд. Мақомот бинобар зарурати тафтишотӣ номҳои боздошшудагонро ошкор намекунанд, вале масъулини Сафорат мегӯянд, гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия мебошанд.  

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони диаспораи тоҷикон барои фиристодани ҷасади шаҳрванди фавтидаи тоҷик иқдоми лозимаро анҷом додааст. Ҷасади Саидшоҳ Исломови 20-сола субҳи 21-уми июн ба зодгоҳаш шаҳри Душанбе расид ва ӯро ба хок супориданд.

Қазияи мазкур аз дигар қазияҳои қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия фарқ намедошт, агар қотилони эҳтимолии Саидшоҳи ғӯрамарг ҳамагӣ тоҷикон намебуданд. Дар қатли Саидшоҳ 3 нафар  гумонбар дониста мешаванд, ки ҳама тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Саидшоҳро кӣ кушт?

Қаблан ҷавонони тоҷикро дар Русия бештар скинхедҳо ё миллатгароёни рус ба қатл мерасониданд. Аммо мақомоти қудратии Русия мегӯянд, ки Саидшоҳ на аз ҷониби русгароён балки аз ҷониби худи тоҷикон ба қатл расонида шудааст.  

Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки дар робита ба қатли Саидшоҳ Исломов аллакай 2 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, як нафари дигар – он ҳам шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дорад. 

Карина Головочева, намояндаи раёсати минтақавии Кумитаи тафтишотии Русия бо пахши як иттилоия изҳор дошт, ки муттаҳамон 17-уми июн дар Красноярск боздошт гардида, додгоҳ имрӯз, 21-уми июн қарори ҳабси пешакии онҳоро содир намудааст. Мақомот ҳамагуна иттилоъ дар бораи гумонбаронро махфӣ нигоҳ медоранд, аммо ба “Нигоҳ” муяссар шуд, ки дар бораи онҳо маълумот пайдо кунад.

Тибқи маълумоти дастраскардаи “Нигоҳ” 2 нафар аз гумонбарони сокинони ноҳияи Тоҷикобод ва як нафари онҳо сокини шаҳри Душанбе мебошад. Гумонбари асосӣ дар қатли Саидшоҳ ҳамсоли марҳум - яъне 20-сола будааст. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, фармоишгари эҳтимолии ин куштор сокини 27-солаи ноҳияи Тоҷикобод будааст. Ҷалол Собиров, нафари сеюм, ки дар ин ҷиноят ба гуфтаи мақомот даст доштааст, фирор кардааст. Мақомоти рус мегӯянд аксҳои ӯ дар ҳамаҷо пахш шуда, полис дар ҷустуҷӯи ӯ мебошад. Ин нафар 28 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст. Тибқи маълумотҳо ҳарсе аз гумонбарон бекоранд. Аз миёни гумонбарон як нафарашон ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Русияро доштааст.

“Саидшоҳро ба хотири пули хӯрок куштанд.”

Ҳарчанд аз марги Саидшоҳ Исломов як ҳафта мегузарад, аммо то ҳол маълум нест, ки ба кадом хотир ҳамватанонаш ӯро ба қатл расониданд. Мақомоти рус мегӯянд, Саидшоҳро бо зарби корд ба ҳалокат расониданд, аммо маълум нест, ки ба кадом хотир.
Тибқи фарзияи Карина Головочева, намояндаи раёсати минтақавии Кумитаи тафтишотии Русия муноқиша миёни Саидшоҳ Исломов ва ду гумонбар ҳанӯз дар Тоҷикистон сар зада будааст ва куштор тибқи фарзияи пешакӣ дар пайи хусумати шахсӣ содир шудааст. 

Расонаҳои рус хабар доданд, ки муттаҳамон бо роҳи фиреб Исломовро ба наздикии ҷангал бурда, дар назди як истгоҳ бо зарби корд куштаанд. Саидшоҳ бо қотилони эҳтимолӣ сокини як шаҳр будаанд, аммо дар микрорайонҳои гуногун иқомат доштанд. Миёни микрорайонҳояшон нофаҳмие будааст ва муттаҳамон бо кушташуда дар ин замина хусумати шахсӣ доштаанд. 

Аммо дӯстони Саидшоҳ дигар фарзияро ба миён мегузоранд. Онҳо дар суҳбат ба “Нигоҳ”аз шаҳри Иркутск мегӯянд, ӯро ба ифтор даъват карда, аз ӯ пул талаб кардаанд. Ба хотири пул миёни онҳо муноқиша мехезад ва дар ниҳоят ба марги Саидшоҳи ҷавон анҷом меёбад.

Яке аз дӯстони ин донишҷӯ дар суҳбат ба “Нигоҳ” аз шаҳри Иркутск гуфт, “дар вақти ифтор миёни Саидшоҳ ва 3 нафари дигар ҷанҷол мехезад ва онҳо ин донишҷӯро бо зарби корд ба ҳалокат мерасонанд.”

Аммо Алишер Ширинов, роҳбари тоҷикони вилояти Иркутск ва аъзои Шӯрои Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Саидшоҳро барои он куштанд, ки мехостанд аз ӯ базурӣ пул ситонанд.

Алишер Ширинов, роҳбари тоҷикони вилояти ИркутскАлишер Ширинов мегӯяд, аз оғоз ҳамроҳи волидайни Саидшоҳ қазияро пайгирӣ дорад ва гумонбарон ба хотири пул курсантро ба қатл расониданд.

-Се нафар гушна монданд ва пул наёфтанд, ки хӯрок хуранд. Онҳо намедонистанд, ки Саидшоҳ донишҷӯ аст. Инро ифтор гуфта даъват карда бурданд ва дар ҷангал куштанд. Ҳарсе гумонбарон тоҷик буданд. Миёнашон ягон ҷангу ҷанҷол шудагӣ нест. Қотилон мехостанд бо роҳи таҳдид аз Саидшоҳ пул ситонанд,-таъкид мекунад роҳбарони тоҷикони вилояти Иркутск.

Ба гуфтаи Алишер Ширинов, Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск тӯли як ҳафта шабу рӯз сари ин қазия кор карда, барои пайдо кардани гумонбари севвум ба мақомот кӯмак хоҳанд кард.

Дархост аз Раҳимзода

Роҳбари тоҷикони вилояти Иркутск мегӯяд, аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дархост дорад, ки ҳар сол ва ё дар 2 сол як маротиба бо роҳбарони диаспораи тоҷикон дар Русия мулоқот кунад. “Ин гуна мулоқотҳо ба мо имконият медиҳад, ки бо мақомоти болоии ВКД-и Тоҷикистон алоқа дошта бошем ва мушкилоти муҳоҷиронро дар якҷоягӣ ҳал намоем.”

Вокунишҳо ба марги Саидшоҳ

Даҳҳо нафар аз тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки кай тоҷик аз куштани якдигар даст мекашад?

Икромҷон Воҳидов, донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи шаҳри Иркутск менависад: “то вақте мо аз куштани якдигар сер нашавем, ҳаққи гила аз скинхедҳоро надорем.”

-Мо мусалмон ҳастем ва даъвои мусалмонӣ мекунем ва дар як вақт бародари худро дар моҳи шарифи Рамазон ба қатл мерасонем. Пас куҷо аст мусалмонии мо? Бисёр вақт худамонро ориёӣ, форс ва зардуштӣ гуфта ҳинду олмонӣ ва дигар миллатҳоро ҳаммиллати худ медонем. Аммо бо бародари тоҷики худ бародар шуда наметавонем. Дар Русия ҳар рӯз ба сари миллати мо як воқеа рух медихад. Ҳама ин ба он хотир аст, мо дасти якдигарро намегирем ва ба якдигар бахил ҳастем,-мегӯяд ин донишҷӯи тоҷик.

Ашрафиддин Маҳмадов, як корбари Фейсбук менависад: “вақтҳои охир ин хабарҳое, ки мешунавем ба ғайр аз тоҷик дигар миллат ин корро намекунад. Мо хонашери майдонғариб шудаем. Зӯрамон танҳо ба худамон мерасад.”

Омори расмӣ

Дар соли гузашта аз Русия ҷасади 862 муҳоҷири кории тоҷикро аз Русия овардаанд.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ин дар ҳолест, ки соли 2015 фавти муҳоҷирон дар Русия 14% камтар аз як соли пеш будааст.

Дар соли 2014 аз Русия тобути 1 ҳазору 6 нафар ба Тоҷикистон интиқол шуда буд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоглӣ дақиқ нагуфт, ки муҳоҷирони кории тоҷик бештар бо чи сабабҳо вафот кардаанд. Дар умум гуфт, ки сабаби марги онҳо гуногун буда, бархеҳоро кӯштаанд, баъзеҳо аз беморӣ ва ҳодисаҳои гуногун фавтидаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳамасола аз Русия аз 800 то 1050 ҷасади муҳоҷиронро меоваранд. Аз ҷумла Соли 2012 ин шумор ба 1 ҳазору 55, ки аз ҷумла 93 нафари онҳо занон будаанд. Соли 2011 ин нишондиҳанда ба 816 баробар буд.

Ба ҳисоби вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли гузашта 834 ҳазору 58 нафар аз Тоҷикистон ба хориҷ рафтаанд, ки аз ин шумор 670 ҳазору 806 нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд. Дар миёни онҳо 106 ҳазору 416 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, дар ин давра аз хориҷ 606 ҳазору 527 шаҳрванди Тоҷикистон баргаштаанд, ки аз миёни онҳо 453 ҳазору 985 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Бо иттиҳомоти гуногун дар соли 2014 як ҳазору 794 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия депорт шудаанд.

Муллораҷаб ЮСУФӢ

бознашр аз “Нигоҳ” №13(496), аз 22-юми июни соли 2016 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?