Ҷавони рус муҳоҷири тоҷикро парронда аз як чашм маҳрум кард

Дар наздикии фурудгоҳи Домодедовои Маскав ҷавони рус ба чашми Абубакри Халилзод, сокини 26-солаи шаҳри Ваҳдат аз таппончаи пневматикӣ паронда, ӯро аз чашми чапаш маҳрум кард.

Наздикони Абубакр ба "Озодӣ" гуфтаанд, ин ҳодиса шаби 31-уми июл сурат гирифта, ҷарроҳии чашми шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 2-юми анҷом гирифтааст.

Бино ба навиштаи ин манбаъ, Иброҳим Халилзод, бародари Абубакр гуфтааст, додараш дар наздикии шаҳраки Бордоский, 15 километр дуртар аз фурудгоҳи Домодедово, вақте мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ки ба рӯи як ҷавони хашмгини рус оинаи мошинаашро боз кардааст.

"Додарам нақл кард, ки ҷавони рус омада, мошини ӯро лагадкӯб кардааст ва ӯ барои фаҳмидани асли қазия тирезаро кушодааст. Вақте ба чашмаш тир задааст, ба ман занг зад ва рафта, ӯро ба беморхона бурдам. Ҳоло ҷарроҳӣ карда, чашмашро гирифтанд. То ҳоло касе ба суроғи мо наомадааст, то бароямон кумаке кунанд," - гуфт ӯ.

Иброҳим мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд нафаре, ки ба бародараш ҳамла кардааст, миллатгарост. Зеро, ба қавли ӯ, аз тири таппончаи пневматикии ҳамлавар ҷавони дигари тоҷик аз шикамаш ҷароҳат бардоштааст, вале бинобар дуруст набудани ҳуҷҷатҳо аз муроҷиат ба пизишкон худдорӣ намудааст. Ин ҷавони тоҷик дар Русия ба таксиронӣ машғул будааст.

Ҳимматшо Қадамов, сардори Шуъбаи кор бо муҳоҷирони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки ҳамзамон аз сафорати кишвар намояндагӣ мекунад, ҳоло ба дидорбинии ин ҷавони маҷрӯҳ рафтааст. Ӯ гуфт, бо пизишконе, ки ин ҷавони тоҷикро табобат мекунанд, ҳамсӯҳбат шуд ва барои кумак ба ин муҳоҷири маҷрӯҳ омодаанд.

Қадамов афзуд, дар ҷустуҷӯи муҳоҷири дуввуми маҷруҳ ҳастанд: "Ҳоло рақамҳои ҷавони дуюми маҷрӯҳшударо пайдо кардем ва мехоҳем бо ӯ дар тамос шавем. Аз ҳоли Абубакр хабардор шудем ва барои кӯмак ба ӯ омодаем. Мо дар паҳлӯи бародари ӯ қарор дорем. Ҷавони дуюми маъюбро ҷустуҷӯ дорем, ки дар кадом ҳолат қарор дорад ва чаро ба беморхона муроҷиат накардааст."

Ин масъули Хадамоти муҳоҷират гуфт, қабл аз ин бо намояндагони пулис сӯҳбат доштанд. Ба гуфтаи ӯ, пулис изҳор доштааст, ки ҷавони ҳамлагар боздошт шудааст. Шахсияти ӯ ва ангезаи ҳамлаашро мақомоти пулис бо намояндагони Хадамоти муҳоҷират шарҳ надодаанд, -менависад манбаъ. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?