Ҷавоне дар Душанбе бонуи 20-соларо ғорат кардааст

Як ҷавони 23-сола дар Душанбе ба он муттаҳам мешавад, ки гарданбанди тиллоии бонуеро аз гарданаш рабудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ҷавони мазкур сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Мақомот ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки “7-уми апрел  тахминан соати 13:00 дар кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе бо роҳи зӯроварӣ аз гардани зани 20-солаи сокини ноҳияи Ҷиликул 1-адад гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 400-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?