Чаро шумо бояд дорои унвон дар соҳаи Улуми Компютерӣ дар Осиёи Марказӣ гардед? ®

Ҷаҳони имрӯза аз  системаи Технологияҳои иттилоотӣ ( ТИ) вобастагии зиёде дорад.

Осиёи Марказӣ низ истисно нест.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон,  бо ишора ба  сармоягузорӣ дар  соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, бо мақсади беҳтар кардани вазъи  иқтисодиёти худ, созишномаи ризоиятмандиро ба имзо расониданд. Дар натиҷа, талабот ба таълими мутахассисони  баландихтисоси соҳаи компютерӣ дар Осиёи Марказӣ , ки он тақозои таъмини зудтари  кормандон бо ҷойҳои корӣ  дар ин соҳа зиёд аст. Унвони бакалаврӣ дар соҳаи  Улуми компютерӣ, донишҷӯёнро  барои  дарёфти ҷои кор, ҳамчун муҳандисони  соҳаи барномарезӣ, таҳлилгарон, маъмурони  базаи  маълумотҳо омода месозад.

Агар шумо ба  технология шавқу ҳавас дошта бошед ва мехоҳед  аъзои як бахши  рушди  истеҳсолоти  минтақа ва  дар қаторимутахассисони ТИ шабакаи таъсисдодаи умумиҷаҳонии бошед, барномаи бакалаврии  Улуми  компютерии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ба шумо  кӯмак  мерасонад.

Ҳадафи барномаи Улуми Компютерии ДОМ, ташакули  насли наврас, дорои дониши мукамал ва  кормандони бомаҳорати соҳаи ТИ дар Осиёи Марказӣ мебошад.  Таҳсилот бо таъминоти  беҳтарин лабораторияҳои компютерӣ дар компуси донишҷӯён ва таҷрибаомӯзӣ  бо корфармоёни  воқеии  сатҳи ҷаҳонии ТИ гузаронида шуда, донишҷӯёнро бо технологияҳои навтарин шинос мекунад.  Барномаи Улуми Компютерии ДОМ,  дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои шинохтаи  ҷаҳонӣ таҳия шуда, стандартҳои байналмиллалиро  инъикос мекунад. Дастурҳои таълимӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи Таҷҳизоти Компютерӣ (АТК) ва Донишкадаи Муҳандисони Барқӣ ва Электронӣ (ДМБЭ), ки бузургтарин иттиҳодияи мутахассисони техникии сатҳи ҷаҳонӣ таҳия шудаанд ва донишҷӯёни  ДОМ-ро ба беш аз 400,000 нафар аъзоёни ин ҷабҳа,  дар саросари ҷаҳон пайваст мекунад.

 Дар саросари соҳаҳои саноат, корфармоён  дар ҷустуҷӯи  номзадҳои бомаҳорати соҳаи барномарезӣ, идоракунии лоиҳаҳо, кӯмаки техникӣ ва малакаҳои идоракунии захираи  маълумот мебошанд. Хатмкунандагони барномаи Улуми компютерӣ, тавре  омӯзиш мегиранд, ки ҳамчун мутахассисони  соҳаи ИТ, ҷавобгӯ ба талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ  бошанд ва ба онҳо имконият доранд,  ки дар оянда саҳмгузорони  асосии  инфрасохтори технология дар минтақа бошанд.

Рушди барномарезӣ, танҳо  яке аз  соҳаҳои бисёрҷабҳаи Улуми компютрӣ мебошад, ки ҳамаи ширкатҳо дар ҷустуҷӯи кирои чунин мутахассисон дар Осиёи Марказӣ мебошад. Бо илова ба курси ҳатмии барномарезӣ, сохторҳои маълумот ва алгоритмҳо, риёзӣ ва муҳандисӣ барномарезӣ, донишҷӯён метавонанд дигар барномаҳоро ба монанди Системаи  Таҳлили Соҳибкорӣ,Технологияи Иттилоотиву Коммуникатсионии барои Рушд, ё Шиносоӣ бо Интеллекти сунъӣ (назарияи рушди системаи компютерӣ)ва дигаронро интихоб намоянд.

Донишҷӯёне, ки барномаи Улуми Компютерии Донишгоҳи Осиёи Марказиро (ДОМ) хатм мекунанд,довталабони рақобатпазир  барои ҷойи кор дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ  ва инчунин имконот барои таҳсилоти  баъдидипломӣ байналмилалиро хоҳанд дошт.

Агар шумокасе бошед, ки ҳалли баъзе масъалаҳоро тавассути технология мебинад, барномаҳои  ДОМ  метавонад  ба шумо барои амалӣ шудани  он нақшаҳо дониши зарурӣ диҳанд. Барои маълумоти бештар оид ба барномаи Улуми компютерии ДОМ метавонед  ба сомонаи  зер ташриф оред: www.ucentralasia.org/admissions, email us at admissions@ucentralasia.org, or call: +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Tоҷикистон)  +7 777 822 3948 (Қазоқистон).

Мақолаи мазкур, як қисми силсиламақолаҳои бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ рӯ ба рӯ мешаванд, меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад.Рузи охири дархост 15 апрел 2016.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?