Ҷаримаи қариб 100 соҳибкори бозори “Корвон” барои қонуншиканӣ

Наздики 100 соҳибкори бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе барои қонуншиканӣ дар самти бехатарӣ аз сӯхтор ҷарима шудаанд.

Бино ба иттилои Кароматулло Абдуллоев, як масъули Сарраёсати давлатии оташнишонӣ, “барои роҳ додан ба камбудиҳои зиддисӯхторӣ нисбати 98 нафар соҳибкорону фурӯшандагон ба маблағи 23 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуда, 102 қитъаҳои  хатҳои барқие, ки  ба талаботи  бехатарӣ  ҷавобгӯ набуданд, безарар гардонида шуданд.”

Ба гуфтаи манбаъ, мутахассисони соҳа, дар рафти санҷиш, бештар ба озод будани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ дар ҳудуди бозор, ҷойгиркунии аломату аёниятҳои зиддисӯхторӣ, вазъи сипару барқтақсимкунак ва ноқилҳои барқӣ, ҳолати техникии  манбаҳои нигоҳдории захираи оби оташнишонӣ ва мавҷудияти фишори лозимии об дар ҷумаку гидрантҳои сӯхторхомӯшкунӣ диққати махсус доданд.

“Дар баробари ин аз ҷониби кормандони Сарраёсат ва Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷиҳати  роҳ надодан ба худсарона гузоштани нақлиётҳои гуногун дар канори роҳҳои автомобилгарди назди бозор ва ба танзим даровардани фаъолияти нақлиётҳои мусофиркашон чорабинии муштарак  гузаронида шуд.”

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?