Ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов дар Душанбе (АКС+ВИДЕО)

Ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов,аввалин президенти Тоҷикистон имрӯз 9-уми июн баъд аз намози пешин дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Барои видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов қариб аксари аъзоёни Ҳукумати Тоҷикистон ширкат доштанд. Азҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии зидди фасод, Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин ва дигарон иштирок доштанд.

Дар ин маросим инчунин Оқил Оқилов, сарвазири собиқи Тоҷикистон ва чандин аъзоёни Ҳукумати қаблӣ низ иштирок доштанд.  

Қаҳҳор Маҳкамов тибқи васияти худаш дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супорида мешавад.

 

 

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?