Ҷанг дар атрофи шаҳри Қундуз ва Ҷузҷони Афғонистон идома дорад

Мақомоти расмии Афғонистон аз ҳалокати 54 узви ҷумбиши Толибон дар набардҳои Кундуз, шаҳри ҳаммарз бо Тоҷикистони ин кишвар хабар дод.

Вазорати умури дохилии Афғонистон бо пахши иттилоия гуфтааст, ки 44 тани онҳо шаби гузашта дар ҷараёни роҳандозии амалиёти поксозии минтақаҳои Чаҳордара, Дашти Арчӣ, Хонобод кушта шуданд.

Дар ин эъломия ҳамчунин омадааст, ки дар набард бо Толибн як шахсияти маъруфи ин гуруҳ бо номи Қорӣ Ҳабиб низ кушта шудааст.

Ин вазорат аз захмӣ шудани 41 нафари дигар аз ҷумлаи ҳамлаварон ба Кундуз ва навоҳии атрофи он хабар додааст. Хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ҷангҳои шадид дар атрофи шаҳри Кундуз идома доранд.

Гуруҳи Толибон ахиран эълон кард, ки ҳоло ҳамлаҳои шадидеро барои ишғоли Кундуз аз се самт ба роҳ модааст. Маврид ба ёдоварист, ки ҷангҳо дар Кундуз се рӯз пеш оғоз шуда буданд. Манбаъҳои хабарӣ дар бораи натиҷаҳои ниҳоии он иттилоъи зиддунақизеро пахш кардаанд ва то ҳол як гузориши расман тайидшуда вуҷуд надорад.

Бино ба иттилои сухангӯи волии Ҷузҷон Муҳаммадризо Ғафурӣ Толибон ба чанд деҳаи воқеъ дар волусволии Қуштеппа ҳамла бурда, вазъро буғранҷ кардаанд. Аммо ниҳодҳои интизомии давлатӣ ин ҳамлаҳоро рафъ кардаву 15 тани Толибонро куштаанд.

Ҳамзамон бо ин манбаъ аз ҳалокати 6 маъмури интизомии вилоят хабар додааст. Толибон дар авввалин ҳамлаи ғофилгирона се постгоҳи нерӯҳои давлатиро дар вилояти Ҷузҷон ба ишғол даровардаанд ва ба самти Қуштеппа пешравӣ кардаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳоло ҳам даргириҳои пароканда дар минтақа идома доранд. Гуфтанист, ки чанде пештар Толибон аз оғози ҳамлаҳои баҳориву тобистонии худ хабар дода буд.

Сухангӯи Толибон дар як изҳороти расмӣ эълон карда буд, ки гуруҳ омода аст барои ишғоли манотиқи бештар даст ба ҳамлаҳои густарда дар сар то сари Афғонистон занад. Маъмулан аз замони ҷиҳоди зидди Шӯравӣ то ин дам гуруҳҳои мухолифи давлати Кобул ҳамеша дар баҳору тобистон бештар вориди амал мешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?