Ҷаҳиши қурби доллар дар тоблуҳои саррофиҳои Душанбе

Баъди сиёсати нави Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи муайян кардани қурби доллар, қурби 100 доллари ИМА дар тоблуҳои саррофиҳои Душанбе то 20 сомонӣ зиёд нишон дода шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз 26-уми октябр қурби доллар ва асъори хориҷиро ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба вазъи бозор муайян хоҳанд кард. Алакай, 27-уми октябр дар тоблуҳои саррофиҳо ҷаҳиши қурби доллар мушоҳда мешуд. Агар қаблан, як доллари ИМА баробар ба 6,54 ва 6,56 нишон медоданд, ҳоло як доллар баробар ба 6,70 то 6,72 баробар мегӯянд.

Аммо дар ҳамин ҳол қурби доллар дар саррофиҳои Душанбе болотар аз он чизест, ки дар тоблуҳо навишта шудааст. Саррофиҳо як доллари ИМА-ро бо 6,87 ва 6,90 сомонӣ иваз мекунанд. Қурби воқеъии 100 доллар нисбат ба рӯзҳои пешин ҳудуди 8 сомонӣ боло рафтааст.

Қурби расмии як доллари ИМА, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои 28-уми октябр муқаррар кардааст, 6,6207 сомонӣ мебошад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Гуфта будем ки Бонки милли икдоми хуб набаровард ва ин ба фоидаи сарофону ташкилотхои карздихи ва бар зарари кисаи мардум мебошад. Чаро Хукумат ягон кароре намебарорад, ки вазъи ичтимоии мардумро бех кунад ва баръакс вазъро бештар вазнин мекунад. Акнун шахсони калобу монополистро худо дод. Ин вазъ мардумро бештар ба тахлука меорад. Мебинед бонк боз аз ин икдомаш даст мекашад ва боз як спектаклро интизор шавед.
Банд андар пой нест андар дил аст мушкил андар андар мушкил андар мушкил аст. Низом пусидааст дигар аз дасташ хеч чиз намеояд.
барои ки дар бонкҳо мутахассисони бесавод ва тағодор кор мекунанд. онҳо дар бораи иқтисодиёт тасавурот надоранд ва наметавонанд болоравии қурби долларро нигоҳ доранд.
барои ки дар бонкҳо мутахассисони бесавод ва тағодор кор мекунанд. онҳо дар бораи иқтисодиёт тасавурот надоранд ва наметавонанд болоравии қурби долларро нигоҳ доранд.
Бисёр таҳлили беандешона ва метавон гуфт бесаводона. Ман дар ягон таблуи саррофиҳо нишон додани арзиши 100 долларро надидам. Фақат камакак таваҷуҳ мебояд. Охир дар таблуҳо фақат курби 1 доллар нишон дода мешавад. Хоҳиш мекунам, мардумро ба таҳлуқа наандозед, охир дар давоми ду-се рӯзи ба роҳ мондани сиёсати нави қурбгузорӣ 1 доллар на то 20 сомонӣ, балки ҳамагӣ аз 12 то 14 дирам зиёд шудааст. Ин ҳам баъди ба бонкҳо додани ҳуқуқи муайян кардани қурби доллар. Ин ҳисоби оддии арифметикӣ аст: (1 дол.=6.6207х1,5%= 6.7207). Боқӣ саломат бошед ва каме андеша намоед.

Шояд шумо суол ё назаре доред?