Бузкашӣ дар Афғонистон бозии миллӣ ва соҳиби федератсион шуд

Дар Афғонистон бузкаширо ба листи бозиҳои миллӣ шомил карданд ва акнун он дорои федератсиони худ низ мебошад.

Бузкашӣ як бозии қадимиест, ки ду тим ҷасади сарбуридаи як бузро аз гӯшае ба гӯшаи дигар мекашанд ва ба марра партов мекунанд. Дар гузаштаи начандон дур дар Тоҷикистон ин бозӣ хеле ривоҷ дошт ва бештар дар маросимҳои тӯй бузкашон аз гӯшаву канор гирд меомаданд ва барои дарёфти шоҳҷоиза, ки ҳатто мошин ё ягон ашёи қимматбаҳои дигар буд, талош мекарданд.

Тӯйдорон баъзан то се рӯз буз медоданд ва онро даҳҳо ҳазор нафар аз дуру наздик тамошо мекарданд. Вале баъдан ин бозӣ тадриҷан аз миён рафт ва ҳоло хеле кам шунида мешавад, ки дар ҷойе бузкашӣ шуда. Аммо Афғонистон талош кардааст, ки онро зинда кунад ва ба листи бозиҳои миллӣ расман шомил созад, то аз марги бозии қадимӣ ҷилавгирӣ шавад. Аз сӯйи дигар ин иқдом ба он маъъност, ки мехоҳанд ин бозӣ танзим шавад. Маҳмуд Ҳаниф, як масъули кумитаи Олимпии Афғонистон гуфтааст, ки бузкашӣ аз ин ба баъд чун бозии миллӣ шомили кумитаи олимпӣ хоҳад буд ва аз ҷониби ин кумита назорат мешавад.

Афғонистон ҳамчунин мегӯяд дар ояндаи наздик бо фароҳам овардани баъзе заминаҳо ва танзими қонуну қоидаҳои бузкашӣ ин бозиро шомили бозиҳои олимпии ҷаҳонӣ хоҳад кард. Аз ҷумлаи қонунҳое, ки бояд ҷорӣ шавад, ин ба ҷойи ҷасади буз ворид кардани бузи пластикист. Як мақоми баландпояи ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки солона дар бозиҳои бузкашии Афғонистон то панҷ заҳор буз ва гӯсола кушта ва истифода мешаванд. Дар гузашта Муҳаммад Зоҳиршоҳ-шоҳи пешини Афғонистон қонуни бозии бузкаширо танзим карда буд ва то кунун тибқи он ин бозӣ амалӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар Афғонистон аз 34 вилоят дар бист вилоят бузкашӣ вуҷуд дорад, вале бештари ҳаводорони он дар вилоятҳои шимоли ин кишвар ба сар мебаранд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?