Бушкаи нафт аз 70 доллар ҳам арзонтар шуд

Нархи як бушка нафти Brent  дар биржаҳои Лондон аз марзи 70 доллари амрикоӣ ҳам поин рафт ва ба 69,81 доллар расид. РБК истинодан ба манобеъи биржа иттилоъ додааст, ки рӯзе қабл ҳар бушка нафти Brent 72,58 доллар ба савдо рафта буд. Ҳамин тариқ арзиши он 2,56 дарсад коҳиш ёфтааст. 

Дар ҳамин ҳол, аз арзон шудани нафти навъи  WTI (Light Sweet Crude Oil) низ гузориш расидааст.

Гуфта мешавад, ки нархи ҳаддиақали он 65,85 доллар ба ҳар бушка таъин шудааст.

Александр Улюкаев, вазири рушди иқтисодии Русия гуфтааст, ки дар ҳоли то 70 ва поинтар аз он қарор гирифтани нархи ҳар бушка нафт буҷаи ин кишвар зарар намебинад.

Аммо Игор Сечин, сарвари “Роснафт” дар суҳбат бо шабакаи аввали телевизиони Русия гуфтааст, ки соли 2015 нархи ҳар бушка нафт ба ҳисоби миёна аз 70 то 75 доллар хоҳад буд. 

 Ахиран, дар Вена кишварҳои содиркунандаи нафт дар мавриди коҳиши истеҳсоли он ба тавофуқ нарасиданд ва тавлиди он дар ҳаҷми пештар, яъне 30 миллион душка дар як рӯз боқӣ монд.

Ин ҳамон меъёрест, ки соли 2011 таъин шуда буд. Яке аз мухолифони ашадии коҳиши тавлиди истеҳсол Арабистони Саудӣ аст, ки такя ба бозор мекунад ва мегӯяд тадриҷан арзиши нафт ба як меъёри қобили қабул қарор мегирад ва ба ҳадди ниҳоӣ паст намешавад.  

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?