Буҳрони Теҳрону Риёз боис ба болоравии нархи нафт шуд

Дуюмин рӯз аст, ки арзиши ҷаҳонии нефт дар пасманзараи зиддиятҳо миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон боло меравад.

Bloomberg навиштааст, ки баъди ҳамла ба сафорати Арабистон дар Теҳрон ва қатъи равобити дипломатии Риёз бо Теҳрон нархи фючерии ҳар бушка нефти WTI дар биржаи Ню-Йорк 3,5 дарсад боло рафта, ба 38,38 доллар баробар шуд. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар бушка нефти тамғаи  Brent моҳи декабри соли 2015 ба  36,2 доллар расида  буд. Коршиносон он шабу рӯз мегуфтанд арзиши декабрии нафт ба ҳадди моҳи июли соли 2004 расидааст.

Равобит миёни Эрон ва Арабистон аз охири ҳафтаи гузашта баъди эълони эъдоми руҳонии саршиноси шиа дар Риёз ба вахомат гароид. Як гуруҳи худсар дар Теҳрон ба сафорат ва консулгарии Арабистон ҳамла бурданд ва ба дунболи он Риёз дипломатҳои эрониро аз Арабистон ихроҷ кард.  

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?