Буҳрони бонкҳо ё бонки буҳронҳо? (ЧАНДРАСОНАӢ)

Дар тамоми дунё бонкҳо барои он вуҷуд доранд, ки мушкилоти мардумро осон кунанд на ба онҳо мушкил пеш биоранд.Ба назар мерасад, ки бонкҳои Тоҷикистон яке паси дигар ба буҳрон мубтало мешаванд. Нахуст “Фононбонк”, баъдан “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва инак “Тоҷпромбонк” ба мушкилоти амиқи молӣ гирифтор шудаанд. Ҳарчанд ҳеҷ яке аз ин бонкҳо худро муфлис эълон накардааст, аммо коршиносон мегӯянд ин раванд дер давом карда наметавонад. 

 

 

 

 

https://cdn.knightlab.com/libs/timeline3/latest/embed/index.html?source=...

Бонкдорӣ дар Тоҷикистон баъд аз соли 2000 хеле тараққӣ кард ва яке паси дигар дар кишвар даҳҳо бонк ва ташкилотҳои қарзӣ ба фаъолият шуруъ карданд. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 18 бонк, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 22 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд фаъолият мекунанд. Ин дар ҳоле, ки 22 ташкилоти қарзӣ дар ҳоли барҳам хӯрдан қарор доранд. Гуфта мешавад дар таърихи бонкдории Тоҷикистон буҳрони амиқе мисли рӯзҳои мо вуҷуд надоштааст. Чаро ин буҳрон сар зад ва кадом омилҳо бонкҳоро ба ин аҳвол овард?

Коршиносони масоили иқтисодӣ Саймиддин Дӯстов, Абдураҳмон Наҷмиддинов ва Алишер Шукуров дар суҳбат ба “Нигоҳ” 9 фарзияро матраҳ карданд, ки бонкҳои Тоҷикистон ба камбуди молӣ гирифтор кард.

Якум: Яке аз манбаҳои асосии даромади бонкҳои Тоҷикистон ин додани қарз барои содирот ва воридот буд. Дар пайи буҳрони молӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиш ёфт ва даромади бонкҳо аз ин ҳисоб башиддат кам шуд.

Дуюм: Кам шудани пули муҳоҷирони корӣ.  Соли 2013 муҳоҷирон ба ватан қариб 4 млрд. доллар маблағи интиқол доданд. Ин маблағ гардиши бонкҳоро зиёд мекард. Мардум низ аз ин ҳисоб хароҷот мекарданд. Бо кам шудани маблағи муҳоҷирон хароҷоти мардум 2-2,5 маротиба кам шуд. Дар пайи кам шудани хароҷоти мардум тиҷорати хориҷӣ низ кам шуд. Ин сабаби асосие аст, ки бонкҳоро ба буҳрон кашид.

Сеюм: Таназзули бозори сохтмони хона дар Тоҷикистон. Мушкилоти сеюм, ки ба бонкҳои Тоҷикистон зарба зад, ин таназзули бозори сохтмон мебошад. Як қисмати муҳиме, ки қарзҳое ки бонкҳои медоданд ин ба ширкатҳои сохтмонӣ буд. Вақте нархҳо поин рафтанд бозори сохтмон ҳам тақрибан пош хурд ва бонкҳои дигар наметавонанд фоидаи зиёд ба даст оранд.

Чорум: Ин ба иқтисоди русия вобаста будани иқтисоди Тоҷикистон ҳам дар бахши муҳоҷират ва ҳам дар бахши қарзҳои байнибонкӣ аст. Тақрибан то 60 дарсади маблағи бонкҳои калонтарини Тоҷикистон меоварданд ин пулҳои бонкҳои Русия буд. Вақте Русия ба буҳрон ва таҳрим рубару шуд ин бонкҳои маблағгузории бонкҳои Тоҷикистонро бамаротиб кам карданд.

Панҷум: Имрӯз бонкҳои ватании мо сармояи кофӣ надоранд, на ба асъори хориҷӣ на бо асъори миллӣ ва мизоҷони онҳо низ ангуштшуморанд.

Шашум: Ин нарасидани мутахассисони таҷрибанок мебошад. Имруз бояд тамоми бонкҳои тиҷоратӣ фаъолияти худро ба талаботи имрузаи иқтисодиёт мутобиқ гардонида, аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ кор баранд. Барои амалӣ намудани чунин иқдомҳо мутахасисони дорои таҷрибаи нави бонкдорӣ зарур аст.

Ҳафтум: Ин ҷой доштани унсурҳои корупсионӣ аз қабили хешутаборбозӣ ва роҳ додан ба ошногароӣ, истифода аз мансабҳои давлатӣ мебошад. Бо ин роҳҳо маблағҳои пулӣ дар шакли қарз дода шуда, масъалаҳои саривақт бозгардии ин сармояҳо фикр карда намешавад. Чунин ҳолатхо боиси зиёд гардидани қарзҳои мушкилситон гардида, фаъолияти молиявии бонк коҳиш меёбад.

Ҳаштум: Сохтани филиалҳои зиёд дар минтақаҳои Тоҷикистон ва харҷи беҳудаи маблағҳо. Бонкҳои кишвар бахусус “Тоҷикисодиротбонк”, ки ҳоло бо буҳрон дасту панҷа нарм мекунад қариб дар аксари минтақаҳои кишвар филиалҳои худро ифтитоҳ кард, ки ин нодуруст буд. Вақте филиалҳо зиёд шуд, теъдоди кормандон низ зиёд мешавад. Дар ҷойҳое, ки як бонк барои мардум кифоя аст, бонкҳои гуногун филиал кушоданд, вале даромад нашуд. Барои ҳамин ба муфлисӣ наздик шудаанд.

Нуҳум: Маош ва мукофотпулиҳои аз ҳад зиёд. Солҳои ахир бонкҳои кишвар барои роҳбарон ва кормандони худ маош ва мукофотпулиҳои калон таин карданд ва ин кор вазъии моли бонкҳоро ба ҳоли табоҳ овард.

Аммо бархе аз огоҳони соҳа мегӯянд, буҳронҳои баъзе аз бонкҳои Тоҷикистон сунъӣ буда, аз ҷониби гуруҳҳои манфиатдор пиёда карда мешавад. Яъне бо роҳи сунъӣ бонкҳоро муфлис карда, ё дар корашон мушкил пеш оварда, онҳоро ашхоси соҳибнуфуз азхуд мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, “дар замони бӯҳрони иқтисодӣ бонкҳо ҳам вориди бӯҳрон ва вобаста аз шиддати бӯҳрон варшикаставу муфлис мешаванд. Чун бӯҳрон пеш аз ҳама коҳиши гардиши пул аст, ки бонкҳо аз ҳамон ҳисоб ба истилоҳ зиндаанд.”

 

Истгоҳи охирон куҷост?

То имрӯз ҳаддиақал 4 бонк дар Тоҷикистон ба буҳрон гирифтор мебошанд. Қариб 20 ташкилоти қарзӣ дар пайи буҳрони молӣ аз қатъи фаъолияти худ хабар доданд. Буҳрон дар Тоҷикистон ва дар умум ҷаҳон идома дорад ва боз кадом бонки Тоҷикистонро буҳрон интизор аст.

Ба назари Абдуманнон Шералиев, “ин ҳанӯз анҷоми кор ё ҳатто оғози анҷом нест. Мо тоза ба бӯҳрон ворид шудем ва ҳанӯз ба нуқтаи болоии он ҳам нарасидаем ва бо ин чор бонк кор тамом нахоҳад шуд.”

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати буҳрон дар бонкҳо ба ин муассисаҳо маъмурияти муваққатӣ равон мекунад. Чунин таҷриба то имрӯз дар “Фононбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” таҷриба шуда истодааст.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ бахусус таҷриба аз буҳрони баромадани бонкҳо дар ИМА дар замони буҳрони соли 2008 нишон медиҳад, ки дар ин ҳолатҳо сохторҳои давлатии кишвар ба бонкҳо маблағ дода, онҳоро аз вазъи буҳронӣ наҷот медиҳанд. Дар Тоҷикистон низ қаблан чунин таҷриба буд, вале каме дигаргунатар. Ду сол пеш Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири наҷоти “Агроинвестбонк” 52 фоизи саҳмияҳои онро харидорӣ кард. Аммо ба назар мерасад, ки ин иқдом натавонист ин бонкҳо аз буҳрон барорад. Муштариён чанд вақти охир аз мушкилоти худ барои гирифтани маош ва пасандозҳои худ дар ин бонк шикоят мекунанд?

Пас роҳи ҳалли мушкилоти бонкӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

 

 

Ба назари Абдураҳмон Наҷмиддинов, “барои наҷоти бонкҳои ба буҳрон гирифторшудаи Тоҷикистон, механизми ягона мавҷуд нест, чунки сабабҳои бад гардидани вазъияти моливӣ онҳо гуногунанд. Ҳар яке аз ин бонкҳо бояд Стратегияи муаяни рушд тарҳрезӣ карда, вобаста ба хусусиятхои хоси ин бонкҳо, бояд амалӣ карда шавад.” Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳеҷ кадоме аз бонкҳои Тоҷикистон дар бораи иқдомҳои зиддибуҳронии худ хабар надодаанд ва аслан вазъи худро буҳронӣ ҳисоб намекунанд.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ду роҳи дигари наҷоти бонкҳо вуҷуд дорад:

-Якум дарёфти қарз ва дуввум фурӯши саҳмияҳои бонкҳо ба хориҷиҳо. Дарёфти қарз барои наҷоти бонкҳо ҳам дар шароити кунунии Тоҷикистон бисёр мушкил аст ва агар дарёфт ҳам шуд он дар аввал бонкҳоро гӯё наҷот медиҳад, аммо дар оянда боиси дарди сари ҳам ҳукумат ва ҳам худи бонк мегардад, ки имкон дорад вазъи бонкро бадтар аз имрӯзааш гардонад. Боқӣ мемонад фурӯши саҳмияҳои бонкҳо ба хориҷиҳо. Бо вазъи иқтисодиву ҳуқуқие, ки Тоҷкиистон дорад, агар ин имкон пайдо шуд, яъне харидор ҳозир шуд, танҳо ҳамин роҳ боқӣ мемонад,-мегӯяд ин коршинос.

Ба назари Саймиддин Дӯстов, коршиноси масоили иқтисодӣ роҳи ҳалли буҳрон дар бонкҳои Тоҷикистон ин ҷалби пулҳои арзон ба низоми бонкӣ мебошад. “Пулҳои арзон яъне бо фоизи 2-8%-и солона. Айни ҳол гирифтани ин пулҳо аз Русия ғайриимкон аст. Ду манбаи дигар боқӣ мемонад, ки ин ҳам бошад гирифтани маблағ аз Чин ва дуввум аз созмонҳои байналхалқӣ. Ҳоло овардани ҳудуди 1 млрд. доллар метавонад низоми бонкии Тоҷикистонро наҷот бидиҳад. Дар ҳоли дигар низоми бонккии тоҷикистон тақрибан заиф шуда меравад.”

 Таърихи начандон дури бонкҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто дарёфти қарз ҳам аз буҳрон вонамераҳонад. Масалан Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯш ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 50 дарсади саҳмияҳои ин бонкро пешниҳод карда буд. Аммо баъдан тақдири фурӯши саҳмияҳои бонк норушан монд ва худи Пирзода муваққатан аз роҳбарии бонк дур карда шуд.

Аз сабаби онки дар кори бонкдории Тоҷикистон шаффофияти тамом вуҷуд надорад ва ҳатто масоили муҳиме мисли буҳрони молӣ ҷиддӣ баррасӣ намешавад дар бораи роҳҳои пешгирии ин буҳрон ба фаъолияти бонкҳо баҳогузорӣ мушкил аст.

Муллораҷаб ЮСУФӢ

 

Назарҳо

Ҳамин бонки миллӣ ҳуқуқи барканоркунии роҳбари бонкро дорад ё не?

Шояд шумо суол ё назаре доред?