Буҷети Тоҷикистон дар нимсола боз иҷро нашуд

Буҷети Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли равон пурра иҷро нагардид.

Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, дар ин давра ба буҷет 8 млрд. 244,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин ба 98,9 %-и нақша баробар аст.

Дар Вазорати молия сабабҳои иҷро нашудани буҷетро шарҳ надоданд, аммо мегӯяд дар нимсолаи аввал ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон низ ба андозаи 2,8 % коҳиш ёфт.

Дар моҳҳои январ-июн гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1939,1 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз ё 56,6 млн. доллар кам мебошад.  

Бино ба иттилои расмӣ, содирот ба андозаи 4,4 % зиёд шуда, воридот бошад 4,8 % коҳиш ёфтааст.

Раванди иҷро нашудани буҷети давлатии Тоҷикистон дар пайи буҳрони молиявӣ тақрибан як сол пеш оғоз шуда буд. Моҳи марти соли 2015 Вазорати молия хабар дода буд, ки буҷет ба андозаи 94 % иҷро гардид. Ин падида дар 5 соли ахир бори аввал буд. Ҳамин тавр дар нимсолаи аввали соли гузашта низ масъулин натавонистанд ҳаҷми маблағи буҷетро таъмин кунанд. Моҳи январи соли гузашта Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ аз баланд шудани маошу нафақа дар моҳи июл хабар дода буд. Аммо бо сабаби иҷро нашудани буҷет ин кор як соли пас амалӣ гардид.

Буҷети Тоҷикистон иҷтимоӣ буда, маблағи асосии он ба ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сарф мешавад. Буҷети кишвар асосан аз ҳисоби андозҳо пур карда мешавад.

 

Назарҳо

"Буҷети Тоҷикистон иҷтимоӣ буда, маблағи асосии он ба ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сарф мешавад". Агар аосан ба сохаи маориф ва тандурусти сарф шавад, пас чаро имсол барои харидории инсулин ба беморони канд ягон сомони чудо нашуд? Бемороне, ки камбизоатанду барои харидории инсулин пул надоранд чи бояд кунанд? Кабули марг ё рохи дигаре хам хаст?
Albatta rohi digar ham hast , vale rohi avvali osontar, dastras, betashvish...sihatu salomati metalabam.

Шояд шумо суол ё назаре доред?