Буҷети Тоҷикистон 1 миллиард сомонӣ зиёд шуд

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни буҷет барои соли 2017-ро ба Порлумон равон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар маҷлиси Ҳукумат, ки имрӯз 27-уми октябр баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни буҷет барои соли 2017-ро маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Порлумон равон карда шуд.

Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар соли 2017 ба андозаи 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2016 — 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли 2017 — 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, барои соҳаҳои иҷтимоӣ 8 миллиарду 286 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани қисми даромади буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2016, афзоиши бақияпулиҳо изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаи андоз, хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои нақшаи даромад, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷа чораҳои мушаххас андешида аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намоянд.

-Таъкид гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019 сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҳамчун самти афзалиятнок нигоҳ дошта шуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, солимии ҷомеа, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои муҳим муқаррароти дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 9 моҳи соли 2016 нақшаи қисми даромади буҷет 97 фоизро ташкил дода, ба буҷет 390 миллион сомонӣ кам ворид гардид. Нақшаи даромад аз андоз 100, 4 фоиз ва аз гумрук 87,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми хароҷот 90, 1 фоиз ва бақияпулиҳо 125 миллион сомониро ташкил намуд,-мегӯяд манбаъ.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?