Бозгашти Алишер Рустамов баъд аз 4 сол ба “Сомон Эйр”

Алишер Рустамов, собиқ директори генералии ширкати хусусии ҳавопаймои “Сомон Эйр”, ки аз ширкат дур карда шуда буд, дубора ба ин ширкат баргаштааст.

Бино ба иттилои манобеи TojNews, ҷаноби Рустамов минбаъд дар вазифаи директори тиҷоратии ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” фаъолият мекунад.  

Ба қавли манбаъ, роҳбарияти ширкат ӯро ба хотири ҷорӣ намудани тартибу низом овардааст, зеро роҳбарияти қаблии “Сомон Эйр” камбудиҳои зиёд содир карданд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Алишер Рустамов дар пайи якчанд камбудӣ, аз ҷумла паст рафтани сатҳи даромад ва ношаффоф будани низоми билетфурӯшии ширкат соли 2012 аз кор озод шуда буд. Ҷаноби Рустамов 2 сол роҳбарии “Сомон Эйр”-ро бар ӯҳда дошта, дар побарҷо шудани ин ширкат саҳм дошт. 

Баъди рафтан аз ширкати “Сомон Эйр” ӯро муовини аввали директори Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе таъин карданд. Қаблан ӯ директори генералии Фурудгоҳ буд ва инчунин дар вазифаҳои сардори Шуъбаи истеҳсолӣ ва муовини раиси “Тоҷик Эйр”  кор кардааст. 

Назарҳо

Акнун чи тавр кор мебурда бошад????
И бо хаму корошона сар кардан! Пакстон хамара ба як просент билет медоду и бо кати хаму Сомонтрейд мафия кадестай. Манда занг занед ба инами телефн ...... хамаша якта ба якта мегум

Шояд шумо суол ё назаре доред?